Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 4 ноябри соли 2021 бахшида ба 27-солагии рӯзи Конститутсия мизи мудаввар бо иштироки Қурбонализода Убайдулло Маҳмадалӣ муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Хоҷаев Ҳикматулло ходими калони илмии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва муассисаҳои таълимии систеами Агентӣ баргузор намуд.
Маҷлисро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д.М., оғоз намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар баромадашон Носирзода Д.М. қайд намуданд, ки халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия гаштаанд, зеро коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ Конститутсияи амалкунандаи моро яке аз беҳтарин конститутсияҳои демократӣ медонанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар як давраи бисёр ҳассоси сиёсӣ қабул карда шуда буд. Конститутсияи соли 1994 аз Конститутсияҳои қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли фарқ дорад. Яке аз мисоли равшани он дар Констиутсияи амалкунандаи кишвар ба инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу озодиҳои он диққати махсус додани давлату ҳукумати кишвар мебошад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар моддаи 5 Конститутсия кишвар омадааст, «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Инчунин дар моддаи мазкур зикр меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии халқи мо рӯ ба беҳбуди ниҳод. Чунки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ хеле, ки дар моддаи 17 ин санад қайд карда шудааст: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Ин гуфтаҳо як ҷаҳон маънӣ доранд, ки тамоми халқиятҳо бемонеа метавонанд, бо роҳҳои қонуни дорои молу мулк ва зиндагии арзанда бошанд.
Чӣ хеле, ки дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст – «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ муайян мекунад».
Сиёсати сулҳҷуёнаи тоҷикон бо роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишварҳои дигар дастури омӯзиши аст.
Аз ин ҷост, ки имрӯз зиёда аз 150 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат шинохтаанд ва қисми зиёди онҳо бо давлати мо доду гирифти тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд.
Як нуқтаи дигарро қайд кардан зарур аст, ки таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бори аввал дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Дар моддаи 9 Констиутсия омадааст, ки «ҳокимияти давлатӣ дар натиҷаи таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Ин нишонаи онро дорад, ки ҳар яке аз шохаҳои ҳокимияти давлати ба дигаре тааллуқ надошта, дар алоҳидагӣ фаъолият менамоянд.
Сипас сухани табрикотӣ ба Қурбонализода Убайдулло Маҳмадалӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Хоҷаев Ҳикматулло- ходими калони илмии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” дода шуд.
Баромадкунандагон дар бораи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуданд.
Дар фарҷом Носирзода Д.М. бори дигар кормандони соҳаро ба ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд.
Мутахассиси пешбари
Шуъбаи ҳуқуқ Шаҳзодаи А.