БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ РУШДИ ФАРОГИР ВА СОЗАНДАИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
Ҳайат бо роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо Маркази рушди фарогир ва созандаи Агентии устувор ва таъминоти иҷтимоии фаврии Ҷумҳурии Озарбойҷон (DOST)-и назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Озарбойҷон шинос шуд.
Директори марказ Нигар Мамадова ба ҳайат дар бораи кор ва лоиҳаҳои амалӣ дар фазои фарогири созанда маълумот дод.
Таъкид гардид, ки марказ бо ташаббуси Меҳрибон Алиева таъсис ёфта, 22 октябри соли 2021 ба истифода дода шуд, ки дар ин марказ ҷиҳати рушди нерӯи эҷодии афроди мансуби аз ҷиҳати иҷтимоӣ нозук ва мутобиқсозии онҳо ба ҷомеа корҳои ҳамаҷониба анҷом дода мешавад.
Дар марказ барои маъюбон, аъзои оилаи шаҳидон, кӯдакони аз парастории падару модар маҳрум ва дигар табақаҳои осебпазир муҳити баробар ва фарогир фароҳам оварда шудааст.
Ба меҳмонон намоишҳои мусиқӣ дар иҷрои донишҷӯёни боистеъдоди марказ шунвонида шуданд.
Ҳайат ҷараёни таълимро дар студияҳои эҷодии Марказ дар самтҳои гуногуни хизматрасонӣ мушоҳида намуда, аз кори баҳрагирандагон ва мураббиён боздид намуданд. Меҳмонон ба усулҳои кор бо гурӯҳҳои ҳассоси аҳолӣ ва тадбирҳои амалишудаи дастгирии иҷтимоӣ-психологӣ мароқ зоҳир намуданд.