Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Баргузории чорабинӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23 декабри соли 2022

Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 26 январи соли 2023, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ироа намуд, вохурӣ бо иштироки Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад – дотсент, сарходими илмии Пажуҳишгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сохторҳои таркибии он дар шаҳри Душанбе ва директорони муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, зимни баромад қайд кардаанд, ки моҳиятан дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг, такмили низоми идоракунии давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди соҳибкориву сайёҳӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инкишофи қонунгузорӣ, боло бурдани маърифати ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тақвияти ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо пешниҳод мешавад. 
Маврид ба зикр аст, ки соли 2023 ҷиҳати татбиқи Паёми Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  нақшаи мушаххас таҳия ва тадбирҳои ҳадафрас амалӣ карда мешавад. Зеро ин дастури муфид рохнамо ба зиндагии шоиста буда, аз ҳадафхои асосии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархурдор аст. 
 

Шарикони мо