ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Имрӯз 12 июни соли 2026 бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар саҳни ҳавлии ҶДДМ Бозори “Меҳргон” ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолият дошта, доир ба мавҷудияти 4081 вакансияи ҷойҳои кори холӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар ярмаркаи мазкур 25 адад корхона ва ташкилоту муассисаҳо иштирок карданд аз ҷумла, ноҳияи Шоҳмансур 7 - корхона, Исмоили Сомонӣ 8 - корхона, ноҳияи Фирдавсӣ 5 - корхона ва ноҳияи Сино 5 – корхона.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 150 нафар корҷӯён иштирок намуданд, ки ба 50 нафари онҳо аз ҷумла, ноҳияи Шоҳмансур 11 - нафар, Исмоили Сомонӣ 16 - нафар, Сино 13 - нафар ва ноҳияи Фирдавсӣ 10 - нафар барои таъмин шудан бо ҷойи кор роҳхат дода шуд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» нисбати 20 нафар машварати касбӣ ва ба 18 нафар тадқиқоти сотсиологӣ дода шуд. Шумораи умумӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ номнавис шуда 22 - нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта дар ҷойҳои серодам аз ҷониби раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои ноҳияи он ярмарка баргузор карда мешавад.