Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Вохӯрии ҳайати корӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи тиҷоратии “Южные ворота”

Зимни вохӯрӣ нахуст аз ҷониби Вазир доир ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тадбирҳои анҷомдодаи намояндагиҳо ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.

Қайд гардид, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати ба танзим даровардани он, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Қайд гардид, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудааст.

Дар ин асос, 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Навосибирск сафарбар карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа Нурализода Фирӯза - муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Чоршанбезода Сураҷ - муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш суханронӣ намуда, ба шаҳрвандонамон вобаста ба тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор роҳнамоӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон, марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам меоварад.

Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.

Бояд қайд кард, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ дар қаламрави Федератсияи Россия идома дошта, силсилавохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.

 

Шарикони мо