Муқовимати Шумо дар дасти шумост!
Санаи 18 феврали соли 2022 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинари омӯзишии кормандони дастгоҳи марказӣ, сардорон ва сармуҳосибони мақомотҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон ва сармуҳосибони МД «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» ва муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозири калони сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подполковники адлия, Носирӣ Алишер Қаҳҳор, оид ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2021-2022 ва ва таъмини иҷрои фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 октябри соли 2021, №95 “Дар бораи тасдиқ намудани Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорат дар бораи тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии кормандон ва иттилоотонии онҳо оид пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, дар мавзӯи «Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ – бадтарин падидаи амали инсонӣ» баргузор гардид.
Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ