Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 21 феврали соли 2024 Мизи мудаввар ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз 30 декабри соли 2023, №668 баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва иҷрои Нақшаи «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2024 инчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2023-2025, бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия, Рабизода Диловар Намоз, ва Нозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтинанти калони адлия Сайфидинзода Нуриддин Сайфидин, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорон ва сармуҳосибони мақомотҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон, сармуҳосибон ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» ва муассисаҳои таълимӣ касбии системаи он ва филиалҳои онҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Искандарзода Матлуба Мулло оғоз намуда, қайд намуданд, ки баргузории чорабинии имрўза оид ба татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2024 инчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2023-2025 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ва иттилоотонии онҳо оиди пешгирии Ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, равона гардидааст.
Дар иртибот ба гуфтаҳои боло Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ҷиҳати татбиқи Фармони болозикр ва таъмини иҷрои фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2024, №4 “Дар бораи тадбирҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии ТоҶикистон барои давраи то соли 2030” барои соли 2024, фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои соҳавиро таҳия ва 01 феврали соли 2024, №06 тасдиқ намуд. Ҳамзамон, нусхаи фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои санади меёрии ҳуқуқии мазкур тибқи феҳрист унвонии раёсат, шуъба ва бахшҳои (масъулон)дастгоҳи марказии Агентӣ ва таввасути барқиянома аз 01 феврали соли 2024, №1.8/95 унвонии сохторҳои таркибии Агентӣ барои корбарӣ ва иҷро дастрас намуд.
Дар рафти чорабинии мазкур намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Диловар Намоз ва Сайфидинзода Нуриддин Сайфидин оид ба муаррифии нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2023-2025 баромад намудаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ – Искандарзода Матлуба Мулло иброз намудан, ки баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело ҳам калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарўзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Пас мебояд, ки қаноатро пеша карда баҳри зиндагии арзанда ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро ки дар меҳнати ҳалол оромиши хотир ва осудагист.
Ҳамзамон, ба меҳмонони гиромӣ, Рабизода Диловар Намоз ва Сайфидинзода Нуриддин Сайфидин намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок ва суханронии пурмуҳтавояшон дар чорабинии мазкур, ки вақти худро дареғ надошта ташриф овардаанд, аз номи худ ва тамоми иштирокчиён арзи сипос намуда, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маром идома дода, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мунтазам чораҳои заруриро андешида, баҳри муқовимати дастаҷамъона ба ин зуҳуроти номатлуб мубориза мебарад.