Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВОБКАНД

                                                                               МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВОБКАНД

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон бо фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба тадбирҳои амалишавандаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, касбомӯзии шаҳрвандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди захираҳои инсонӣ маълумот пешниҳод гардид.

Инчунин директори Агентӣ аз як қатор иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Вобканд амалӣ гардида истодаанд, боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлати иҷрои лоиҳаҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба масъулин ҷиҳати анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Шарикони мо