Ҷаласаю машваратҳои мусоид оид ба коҳиш
додани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ВМКБ
Бо мақсади мусоидат намудан дар пардохти саривақтии музди меҳнат ва бартарафнамудани қарздорӣ аз он дар корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мунтазам ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешаванд.
Дар ҷаласаи машваратии навбати, ки 6 январи соли 2022 дар назди раиси вилоят муҳтарам Алишер Мирзонаботов гузаронида шуд, масъалаи коҳиш додани музди меҳнати кормандон дар субъектонии хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва ҳуқуқиашон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз руйи масъалаи мазкур, сардори бахши хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ Маҳмадаминов Зиёӣ баромад намуда қайд кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2021 қарздорӣ аз пардохти музди меҳнати кормандон дар субектҳои хоҷагидорӣ фаъолияткунандаи вилоят 48,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он маблағи 41,0 ҳазор сомонӣ ба матбааи вилоят, 4,9 ҳазор сомонӣ ба иттиҳодияи ҷамъияти тоҷик матбуоти вилоят ва 2,2 ҳазор сомонӣ ба бахши бойгони ноҳияи Мурғоб рост меояд.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳию-огоҳонӣ ва андешидани чораҳои мушахас аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо ситоди кории доимамалкунанда оид ба муайян ба бартараф намудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ВМКБ фаъолият менамояд, қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (170,1 ҳазор сомонӣ буд) 122,0 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 71,7 фоиз коҳиш дода шуд.
Дар ҷаласаи машваратӣ раиси вилот зикир намуд, ки минбаъд низ масъалаи пардохти сари вақтии музди меҳнат, ба тахир андохтани пардохти музди меҳнат дар ташкилоту корхонаҳои бахши хусуси диққати зарурӣ андохта, фаъолияти ситодҳои кории доимамалкунанда оид ба муайян ба бартараф намудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурзур карда шавад, ҳамзамон, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи ваколатҳои худ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба талабот ва риояи санадҳои меъёрии амалкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ба субъектони хоҷагидори фаъолияткунанда зиёд намоянд.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ