«Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем.
Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».
(Э. Раҳмон)
Албатта, имрўзҳо барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Бояд ҳар як инсони комилфикр касбу ҳунареро интихоб намояд, ки ба манфиати худ ва ҷамъият бошад. Ҷавонон бояд пеш аз ҳама дар назди худ мақсад гузоранд, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои халқи худ хизмат кунанд, то тавонанд аз илмҳои имрўза бархурдор бошанд.Зеро мутахассиси хуб шудан яке аз роҳҳои тараққиёти ҷомеаи кишвар ба шумор меравад. Имрўз бояд миллати мо ободии кишвари худро аз мутахассис ва ҳунармадони ватании худ амалӣ созад.
Ин аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Барномаи касбомўзии шаҳрвандон барои солҳои 2021- 2025” инчунин, баҳри баланд бардоштани савияи касбинтихобкунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар МТМУ №4-и н. Рўдакӣ доир ба мавзўи «Интихоби касб – талаби замон» бахшида ба «Рўзи ҷавонон», семинар- машварат баргузор гардид, ки дар он кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар кори семинар роҳбарияти муассисаи мазкур, омўзгорон, волидон, шогирдон намоянда аз шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия иштирок доштанд. Кори семинарро директори муассиса Донаев Д. оғоз намуда, иброз дошт, ки вазифаи мо омўзгорон ва волидон аз он иборат аст, ки барои интихоби дурусти касби шогирдон саҳмгузор бошем. Волидон низ дар навбати худ дар интихоби дурусти касби фарзандон масъулиятро ҳис намуда, беаҳмияти зоҳир нанамоянд. Бояд имрўз мо донем ва дарк намоем, ки интихоби дурусти касб метавонад ояндаро пешбинӣ карда, мутахассисро дар ҷомеа сазовори иззату эҳтирому обрў гардонида, ба муваффақиятҳо ноил гардонад. Ҳамзамон, муовини директори МД “МҶРК” Ҳусинов С.С доир ба мавзўи “Мавқеи соҳибкасб дар ҷомеаи имрўза” суханронӣ намуда зикр сохт, ки хушбахтона имрўз дар ҷомеаи мо мардум ба ҳунару ҳунармандӣ омўхтани касбу ихтисосҳои гуногун аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бахусус, волидон талош меварзанд, ки то аз хурдӣ ба фарзандашон ҳунаре омўзонанд, ба намудҳои варзиш машғул намоянд ва ё забонҳои хориҷиро омўзонанд, ки ин боиси таҳсин аст. Зеро, роҳи ояндаи давлати соҳибистиқлоли мо ба нерўи ақлонӣ ва ҷисмонии ҷавонон мунаввар мегардад. Баъдан, омўзгорону меҳмонон низ дар мавзўҳои «Тарзу усулҳои машварати касбӣ ва аҳамияти он дар интихоби бошууронаи касби ҷавонон», «Нақши омўзгор дар ташаккули интихоби касби хонандагон» ва дигар мавзўҳои марбут ба роҳнамоии касбӣ баромадҳои хеле муфиду пурмуҳтаво намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар рафти семинари мазкур аз ҷониби хонандагони муассиса барномаи рангину зебои фарҳангӣ аз қабили намоиши либосҳои миллии сокинони ҷумҳурӣ, ороиши мўй, рақси якка, намоиши варзишгарон ва дастовардҳои онҳо аз рўи намуди таэквандо ва шоҳмот, рақси човандозон, намоиши оши буридапазӣ, парпеч намудани тифли навзод ва ғ. пешкаши ҳозирин гардид. Дар саҳни бинои муассиса низ намоиши маҳсули дастони толибилмон ба монанди бофандагӣ, пазандагӣ, кандакорӣ, чакандўзӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Ба иштирокчиёни семинар буклетҳои иттилоотӣ оид ба касбу ихтисосҳои гуногун аз қабили “Барномасоз”, “Занбури асалпарварӣ”, “Ҳунарҳои мардумӣ” пешниҳод карда шуд.
Барнома ва намоиши фарҳангие, ки аз ҷониби ташкилкунандагон ва шогирдон пешкаш гардид, ба ҳозирин писанд омада, хеле хуб пазируфта шуд.
Мудири шуъбаи ташкили
методӣ ва ахбори касбӣ
Обидова З. Ф.