Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди хусусӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мебошад. Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони бонкӣ, олимони пажуҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Дар кори Конфронс сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Давлатов Субҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӢ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӢ Раҳмон қарор дошта, мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон соли 2001-ум баргузор гардид. Дар ин мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахши хусусиро ҳамчун самти асосии сиёсати иқтисодии давлат арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “минбаъд фаъолияти бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва инкишофи босуръати бизнеси хурду миёна дар кишвар аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт хоҳад буд”.
Дар идомаи баромад ёдоварӣ шуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин додани қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб рафта, ба шаҳрвандони бекори аз 18-сола боло аз руйи се самт аз ҷумла, барои фаъолияти тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва истеҳсолӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карда мешаванд. Дар натиҷаи роҳандозии ин самт зиёда аз 15 ҳазор шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Дар фарҷоми суханронӣ қайд гардид, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ минбаъд низ дар ин самт корбарӣ намуда, барои бо ҷойҳои кории пурмаҳсул таъмин намудани шаҳрвандон нақши сазовори худро мегузорад.