Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 31 августи соли 2023 тибқи накшаи Агентӣ, хониши идоравӣ дар мавзӯи “Қоидаҳои рафтори хизматчии давлатӣ тибқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумхурии Точикистон” бо иштироки, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндагони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣдар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, И. Сомонӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, Қайд намуданд, ки чорабинии имрӯза ҷиҳати татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумхурии Точикистон инчунин иҷрои бандҳои нақшаи хонишҳои идоравӣ дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ равона гардидааст.
Бо мақсади тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 2015, №591 Кодекси одоби хизматчии давлатии Чумҳурии Тоҷикистон Қабул гардид.
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва Қоидаҳои рафтори хизматӣва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошад, танзим мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти чорабинӣ мудири бахши кадрҳои дастгоҳи марказии Агентӣ Давлатов Субҳон вобаста ба масъалаи мазкур баромад намуда, ҳамзамон аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказӣ баромад ва таклифу пешниҳодҳо шунида шуд.