ХАБАР
оид ба ташкил ва баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар соҳаи саноат
Дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ба ҳайси яке аз чорабиниҳои фаъоли мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори ҳулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди ҳаноат” аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикиҳтон 18 феврали ҳоли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар соҳаи саноат баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ намояндагони 407 ташкилоту муассисаҳо аз чумла, “Кота Глобал”, ЧҲП “Чунтай-Дангара Син Силу Текстил”, ЧДММ “Насими Вахш”, ЧДММ “Парки насочи”, ЧДММ “Итиходияи иҳтеҳсолии нассочии точик”, ЧДММ “Кока-кола нушокихои Точикистон”, Фабрикаи канодии “Ширин”, ЧСП “Душанбе саноат ” иштирок намуда, 7836 ҷойҳои кории холиро ба 4420 нафар шаҳрвандони бекор корҷӯй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта пешниҳод намуданд, ки ба 580 нафар шаҳрвандон барои бо ҷойи кор таъмин гардидан тавсиянома дода шуда, ба 193 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуд.
Инчунин, 150 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд ва аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» 131 нафар шаҳрвандон машварати касбӣ гирифтанд ва ба 103 нафар тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуд.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои паҳт намудани шиддати сатҳи бекорӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар дар доираи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудан ва ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, корҷӯй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта мусоидат менамояд.
Моувини сардори раёсат – сардори
шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Бобоев Фирдавс