Маълумот
Оиди ярмаркаи ҷойҳои кории холи ва
вазифаҳои озод дар соҳаи саноат.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии дар ноҳияи Темурмалик ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар санаи 15.06.2022 дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар назди бинои “Меҳри модар” бахшида ба эълон гардидани солҳои рушди саноат ярмаркаи ҷойи кори холи ва вазифаҳои озод дар соҳаи саноат баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 120 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд. Дар ярмаркаи мазкур 400 ҷойи кори холиаз тарафи ташкилоту корхонаҳои саноатии ноҳия пешниҳод карда шуд.дар натиҷаи чорабини ба 50 нафар шаҳрвандон роххат ба корхонаҳои саноати дода шуда, 20 нафар ба касбомузи ҷалб гардидаанд. Дар маҷмуъ дар ярмаркаи ҷои кори холи баргузоргардида, ба 100 нафар шаҳрвандон хизматрасонии ичтимои расонида шуд.
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва
Шуғли аҳоли дар ноҳияи Темурмалик
М.Мирзоев