Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ахборот аз рафти баргузории Семенари омузишӣ

     Ахборот аз рафти баргузории Семенари омузишӣоид ба ба  татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҷикистон аз 8 июни соли 2007, № 272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2 августи  соли 2014, №762 «Дар бораи масъулияти падару  модар   дар таълиму

тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистони»

 

Агентии меҳнатвашуғлиаҳолӣ 31 майи соли 2022 оид ба  татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2 августи  соли 2014, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистони»Семенари омўзишӣ бо иштироки Аминов Бурҳониддин Сидиқович – мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва Холова Заррина Хуҷаназаровна – мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои ш.Душанбе ва директорони муассисаҳои таълимӣ касбии системаи онбаргузор намуд.

Маҷлисро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Давлат Мизроб оғоз намуда, сараввал Аминов Бурҳониддин Сидиқович – мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва Холова Заррина Хуҷаназаровна – мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуд.

         Қайд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинии имрўза бо мақсади татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, дар мавзўи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ” инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷиҳати  пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои  миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд, дар мавзўи «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  баргузор намояд.

         Агентӣҷараёни иҷрои қонунҳои болозикр комилан дуруст ба роҳ монда, барои ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти Агентӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо корҳои ҷолиби диққатро ба анҷом расониданд.

Дар иртибот ба ин зикр кардан ба маврид аст, ки аз тарафи мақомоти Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият тибқи нақшаҳои корӣ ва нақшаи чорабиниҳо сурат гирифта, рафти иҷрои он мунтазам дар маҷлисҳои назди раиси Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ мавриди муҳокима ва хулосабарориҳо қарор дода мешавад.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зериназорати доимӣ қарордода, бароиноилгаштанбанатиҷаҳоиназаррас, инчунин барои пешгирӣ намудан аз шомилшавӣ ба терроризм ва экстремиз дар шароити мусоид  чораҳои  заруриро   амалӣ  менамояд.

 

 

       Сармутахассиси  шуъбаи ҳуқуқ                                 

              Курбанова Н.С

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарикони мо