Бо назардошти қобилият, дониш ва майлу рағбат интихоб намудани касб боиси сарфарозӣ ва хушбахтии хар як фард мегардад.
Интихоби касб мураккабтарин ва масъулиятноктарин иқдом дар зиндагиномаи ҳар як шахс хисоб меёбад.
Ҳангоми интихоб намудани касб талаботи зеринро ба инобат гирифтан зарур аст. Аввалан дар интихоби касб бо пайдо гардидани шавқу ҳавас мафҳуми «Ман мехоҳам», дар назар дошта шудааст.
Аввалан дар интихоби дурусти касб шумо ба хатогӣ роҳ надиҳед. Қадами дуюм дар раванди касб интихобкунӣ ин санҷидани қобилияту имконияти худ таҳти мафҳуми «Ман метавонам» аст.
Шумо бояд дар ин навбат аз имконият ва қобилияти худ истифода баред. Қадами сеюм ин «Зарур аст» ҳатмӣ мебошад, ки он дар асоси талаботи бозори меҳнат ба назар гирифта мешавад, Шумо метавонед дар асоси он ба коре машғул шуда, рўзғори худро пеш баред.
Инчунин, мувофиқи қобилият, имконият ва салоҳият касбро интихоб намояд, яъне он шуғлеро интихоб кардан лозим аст, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў бошад.
Бинобар ин ба омўзгорон, мутахасисони соҳаи маориф зарур аст, ки дар баробари таълиму тарбия ҳатман диққати хонандагонро ба омўзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ, ки барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат заруранд, ҷалб намоянд.
Воқеан ҳам доштани касбу кори муносиб орзўи хар як шахс, алалхусус барои насли наврас мебошад. Зеро интихоби бошууронаи касб шахсро ба қулаҳои баланди зиндагӣ бурда мерасонад.
Чунки агар шахс касби ояндаи худашро мувофиқи қобилият, саломатӣ ва майлу рағбаташ интихоб намояд, ў дар оянда мутахасиси варзидаю баландпоя шуда метавонад.
Имрўзҳо, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ қарор дорад, моро зарур аст. ки мутахасисонеро тарбия ва тайёр намоем, ки малакаю маҳорати хуби касбӣ дошта бошанд, то ки дар замони рушди техникаю техналогияи навин кор карда тавонанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморо водор менамояд, ки масъалаи дурусти интихоб намудани касбро ба наврасон ва ҷавонон омўхта, аз онҳо дар оянда мутахасисони баландпояро омода сохта ва ба ҷомеъа пешкаш намоем.
Мутахасиси шуъбаи
тадқиқоти сатсиологӣ Ш. Ҳалимова