Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ахборот аз рафти баргузории мизи мудаввар

Ахборот аз рафти баргузории мизи мудаввар оид ба татбиқи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳо

оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, дар мавзўи“Фарҳангии ҳуқуқии шаҳрвандон”

Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 27 октябри соли 2022, оид ба  татбиқи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, дар мавзўи “Фарҳангии ҳуқуқии шаҳрвандон” мизи мудаввар бо иштироки Ахмедов Эргаш Юлдошевич – Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмиллалӣ, факултаи дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро сардори Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мардонзода Гулбаҳор Мардон оғоз намуда, сараввал Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмиллалӣ, факултаи дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ахмедов Эргаш Юлдошевичро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намудан.

Сипас, сардори шуъбаи ҳуқуқи Агентӣ, Мардонзода Г.М., баромади худро иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байён намудан:

 “Дар тўли солҳои Истиқлолият бо иқдомҳои мардуми кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу Ваҳдатро пойдор намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои дунё яке аз ташабусҳои муҳимро дар раванди амалисозии арзишҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзилоти худро пайдо кардем”.

Маврид ба зикр аст, ки Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, бо мақсади тақвият бахшидани дошишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ, вобаста ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳукуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром нисбат ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷискистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат  ва  шуғли  аҳолӣ  коллективҳои меҳнатии  зерсохторҳои он, мунтазам хонишҳои идоравӣ ва омўзишӣ  қонунгузории  ҷумҳурӣ,  аз  ҷумла  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи хизмати давлатӣ”, санадҳои меъёрии хукуқӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, коргузорӣ, мубориза бо коррупсия, забони далватӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ гузаронида мешаванд.

Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ”, тартиби коргузорӣ ва ба ҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, нақшаи кор, дастурамалу низомномаи дахлдор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷарраён мегирад. Тибқи ҷадвал қабули шаҳрвандон дар рузҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби директори Агентӣ, рузҳои дигари ҳафтаи кории онро муовини якуми директор, муовини директор ва масъулини воҳидҳои сохторӣ мегузаронанд. Талаб карда мешавад, ки ҳаммаи имкониятҳо барои сари вақт баррасӣ намудан ва пурра ҳал гардидани масъалаҳои дар муроҷиатҳои шаҳрвандон оварадашуда, равона гарданд. Инчунин, вобаста ба ҷойгиркунии дастурҳо ва тавсирҳо оид ба қонунгузорӣ дар шабакаи интернет, дар сомонаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ WWW.shughl.tjWWW.kor.tj  ва  WWW.kasb.tj, линкаи махсуси ҳуқуқӣ ва дар “Рўзномаи шуғл ва муҳоҷират”-и нашрияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои шаҳрвандон вобаста ба соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷойгир карда мешавад.

Сипас, Мардонзода Гулбаҳор Мардон., суханро ба Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмиллалӣ, факултаи дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ахмедов Эргаш Юлдошевич, додан.

Эргаш Юлдошевич, маърузаи худро дар мавзўи “Заминаҳои ҳуқуқии байналмиллалии танзими вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия”  ба ҳозирин ироа намудан.

Оид ба масъалаи баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои таркибии он ба муттахассиси соҳа саволҳо дода шуда ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Мардонзода Г.М., сардори шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба Ахмедов Эргаш Юлдошевич - Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмиллалӣ, факултаи дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок ва суханронии пурмуҳтавояшон дар ин ҷамъомад, ки вақти худро дареғ надошта ташриф овардаанд, аз номи худ ва Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Баротзода Бобохон Холро ва тамоми иштирокчиён миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки минбаъд ҳамкориро бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома хоҳанд дод.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмини иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 зери назорат қарор дода, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

               Сармутахассиси  шуъбаи ҳуқуқ                                    

                              Қурбанова  Н.С.

 

 

Шарикони мо