Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БА ДИҚҚАТИ КОРҶӮЁН !

БА ДИҚҚАТИ КОРҶӮЁН !

      

       Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои  тобеи он, дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон воқеъ дар  кучай  Н.Қарабоев - 63/1   рўзи  20- уми  майи   соли 2022 ярмарка баргузор мегардад.

                                   

ЯРМАРКАИ СОҲАВИИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА      ВАЗИФАҲОИ   ОЗОДРО  БАРГУЗОР МЕНАМОЯД.

 

        Дар ярмарка роҳбарон ва шӯъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо, субъектҳои хоҷагидорие, ки барои фиристодан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷозатнома доранд ва дигар корфармоёни шаҳри Душанбе даъват карда мешаванд.

        Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан ба Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”ва дигар марказҳои таълимии назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дода мешавад ва инчунин шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳиши рафтан доранд  метавонанд дар ярмаркаи мазкур иштирок намоянд.

 

ҲАМАИ  ШУМОРО  БА  ЯРМАРКАИ  ҶОӢҲОИ  КОРИИ   ХОЛӢ   ВА  ВАЗИФАҲОИ  ОЗОД  ДАЪВАТ МЕНАМОЕМ

 

                                                                                                                                        ОҒОЗИ ЯРМАРКА СОАТИ 9.00

 

 

Шарикони мо