Главная / Все новости
Ситоди касбомўзи

                     Ситоди  касбомўзи

Санаи 31 марти соли 2022 Ситодӣ касбомӯзӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки айнӣ замон дар системаи таълими касбии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5 марказ, 41 филиал ва 29 намоянда фаъолият дошта, давоми семоҳаи якуми соли 2022 аз ҷониби ин муассисаҳо дар маҷмӯъ 10551 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзи ҷалб гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии семоҳаи якуми соли 2021 (9583) 968 нафар зиёд мебошад.

 Дар давраи мадди назар, аз ҳисоби маблағҳои барнома 5097 нафар нисбат ба семоҳаи якуми соли 2021 (4720) 377 нафар зиёд ва тавассути худмаблағгузорӣ 2856 нафар нисбати семоҳи якуми соли 2021 (2373) 483 нафар зиёд ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, дар ин муддат малакаи касбии 2598 нафар бо шаҳодатнома тасдиқ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (2490) 108 нафар зиёд ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди 10551 нафар шаҳрвандони ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 7474 нафар тавассути Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” бо филиалҳояш, 1264 нафар ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълими омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” бо филиалҳояш, 1405 нафар ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” бо филиалҳояш, 257 нафар ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” ва 151 нафар ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” ба касбомӯзӣ ҷалб гардидад.

 

                                         Сардори шуъба муовини

                                        Сардори раёсат. Бобоев Ф

       

Наши партнеры