Главная / Все новости
Самараи меҳнат, кафили зиндагии шоиста

Самараи меҳнат, кафили зиндагии шоиста

       Имрузҳо ҳифзи меҳнат кафили ҳуқуқу озодии Инсон ва шаҳрвандро дар самти муносибатҳои иҷтимоию иқтисоди, алалхусус ҳимояи манфиатҳои меҳнатии инсониро ифода менамояд. Бо ин мақсад, меҳнат пешаи дуруст ва манфиатбахши ҳаёти инсон ба шумор рафта, барон ҳар фарди соҳибхирад рузгори осоишта ва хонаи ободро фароҳам меоварад. Шахсони  бо меҳнат обутобёфта ҳамеша соҳибизатанд. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва меҳнати пуршараф ба даст меояд. Меҳнати ҳар як шахс машақату талоши худи уст.  Зери мафҳуми меҳнат метавон гуфт, ки меҳнат фаъолияти мақсадноки инсон аст.

        Дар натиҷаи сарфи неруи инсон бо табиат таъсир мерасонанд ва онро таъғир медиҳад ва барои қонеъ гардонидани талаботи худи ӯ мувофиқ мегардонад. Аз ин нуқтаи назар аз ҳама муҳимтар меҳнат баромад мекунад. Ҳар як аъзои қобили корй доштаи ҷамъият субекти бозори меҳнат мебошад. Маврид ба зикр аст,  ки меҳнат одамро аз се омил ҷовид нигоҳ медорад;  дармондаги,  фисқ ва эҳтиёҷ,  агар инсон пешаи дурустро интихоб карда тавонад. Лозим ба ёдоварист, ки имрузҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодй ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандон оид ба ҳифзи меҳнат ҳимоя мегардад. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати меҳнатиро ва дигар муносибатҳои ба он алоқамандро ба танзим медарорад.

           Ҳифзи меҳнат мавзуи шартномаи меҳнатиро, муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфарморо ташкил менамояд, ки мувофиқи он корманд уҳдадориашро аз рӯи ихтисос ва ё вазифа бо риояи- тартиботи дохилии меҳнат иҷро менамояд. Корфармо бошад шароити меҳнатиро муҳайё намуда ба корманд сари вақт ба пурраги музди- меҳнатро дар асоси тартиботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқи муайян намуда, таъмин менамояд.

 

                                           Мутахассиси пешбари

                                         AM ва ША дар ш.Роғун

                                            Ақназарова М.С

 

 

 

Наши партнеры