Семинар-машварат бо ишитроки
намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва
мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 9 июни соли 2026 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2026 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорон ва сармуҳосибони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон, сармуҳосибони муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ ва филиалҳои онҳо дар шаҳри Душанбе семинар-машварат баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман оид ба муаррифии нуқтаҳои асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» баромад намуданд
Дар фарҷоми чорабинӣ - Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қайд карданд, ки баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело ҳам калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Пас мебояд, ки қаноатро пеша карда, баҳри зиндагии шоиста камари ҳиммат бандем ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро ки дар меҳнати ҳалол оромиши хотир ва осудагист.
Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ