Маълумот
Санаи 3 марти соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар назди бинои Маркази хизматрасонии “Меҳри модар” бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар соҳаи саноат баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ намояндаи Маҷмааи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син-Силу Текстил” 287 адад ҷойҳои кори холӣ, Корхонаи пойафзол “Чарм” 13 ҷой, Корхонаи истеҳсоли мебел 10 ҷой, ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” 50 ҷой ва Маркази саломати 15 ҷой, дар маҷмуъ 371 адад ҷойҳои кори холиро ба шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик пешниҳод намуданд.
Инчунин, дар ин ярмарка филиалҳои МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Данғара ва дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик иштирок доштанд.
Дар натиҷаи баргузории ин чорабинӣ ба 60 нафар шаҳрвандон роҳхат барои ҷойи кор дар корхонаҳои саноатӣ дода шуда, 60 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии муздноки мавсимӣ фиристода шудаанд. Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ” дар минтақаи Кулоб ба 24 нафар тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуда ба 30 нафари дигар машварати касбӣ дода шуд.
Дар маҷмуъ дар ярмаркаи ҷойҳои кори холии баргузор гардида ба 204 нафар шаҳрвандон хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида шуд.
Сардори Шуъбаи Агенти
ва шуғли аҳолӣ
дар ноҳияи Темурмалик
Мирзоев М.