Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Нақша-чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ доир ба татбиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муносибатҳои меҳнатӣ дар корхонаю ташкилотҳо ва бо ин васила баланд бардоштани савияи ҳуқуқи ва масъулиятшиносии корфармоён ҷиҳати таъмини шароити зарурии меҳнати кормандон, Агентӣ бо сарпарастии бевоситаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 40 адад корхонаҳои соҳаи саноатию-истеҳсолии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ», мизи мудаввар баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур, мутахассисони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида ба ҳозирин дар хусуси масъалаҳо вобаста ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, роҳҳои пешгири намудани кормандон аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои касбӣ, мақсади шарикии иҷтимоӣ ва моҳияти бастани шартномаҳои коллективӣ, бақайдгирии огоҳонии шартномаҳои коллективӣ, бокортаъминшавии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла, табақаи осебпазир (маъюбон) ва пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва роҷеъ ба дигар талаботҳои қонунгузории кишвар маълумот манзур намуданд (расмҳо аз рафти мизи мудаввар замима мегарданд).
Ҳамзамон, дар рафти вохӯри аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони қобили меҳнат ва мусоидат ба муассисаю ташкилотҳо дар таъмини шароити зарурии меҳнати кормандон нусхаи баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №197 “Дар бораи Номгӯи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории давомнок”, Фармоиши муштараки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2019, №62 ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2019, №104 “Дар бораи Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид”, Фармоиши муштараки Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2008, №75 (таҳрири нав аз 3 сентябри соли 2013, №126) “Дар бораи Дастурамал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат”, қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018 №18 “Дар бораи Низомномаи (намунавии) Хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилот” ва фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №46 “Тартиби ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастраси иштироккунандагон гардида, барои роҳбарӣ ва корбарӣ тавсия дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар соли 2022 дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, аз тарафи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 1110 маротиба чунин чорабиниҳо гузаронида шудааст.
Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – 144 маротиба, дар вилояти Суғд – 355 маротиба, дар вилояти Хатлон – 321 маротиба, дар шаҳри Душанбе – 62 маротиба ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 228 маротиба.