Главная / Все новости
“Вохўрии муфид бо корфармоёну кормандони корхонаҳо дар ноҳияи Ашт”

“Вохўрии муфид бо корфармоёну кормандони

      корхонаҳо дар ноҳияи Ашт”

 

    Мусоидат ба корхонаю муассисаҳо дар татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат яке аз вазифаҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

 Бояд қайд намуд, ки ҳар моҳа дар ассоси Нақшаи– чорабиниҳои тасдиқнамудаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, аз тарафи шуъбаи агентӣ дар ноҳияи Ашт корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз қабили вохўрию суҳбатҳои судманд бо роҳбарону намояндагони субъектони хоҷагидор вобаста ба танзими масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ташкилу баргузор мегардад.

    Дар робита ба ин гуфтаҳо ва тибқи нақшаи кории шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт санаи 17 август соли 2022 дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти “Меҳробод” доир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амаликунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ва талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №179 “Дар бораи Рўйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” чорабинии  фаҳмондадиҳию омўзишӣ баргузор гардид.

 Дар вохўри мазкур намояндагони Нозири калони шуъбаи шиносномадиҳии ноҳия - А. Ҳомидов, мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия - Зайнӣ Шарифа ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия - Сулҳия Назарова иштирок намуда, оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амаликунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” суханрони намуда қайд карданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши амаликунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия зиёд карда шуда истодааст. Ба ҳозирин, вобаста ба тамоми паҳлуҳои талаботи Фармони мазкур ва тартибу пардохти музди меҳнат маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.

 Ҳамзамон, дар вохўрӣ, ки қисми зиёди иштирокдоронро занони корманд ташкил менамудан вобаста ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №179 “Дар бораи Рўйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” гуфта шуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзими меҳнати занон диққати ҷидди дода шуда, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул гардида амал мекунанд, ки яке аз ин санадҳо қарори болозикр ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки дар асоси қарори мазкур Рўйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастҳ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад муайян гардида, риояи он дар корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад.

       Илова ба ин дар рафти вохўрии мазкур, доир ба масъалаҳои мубрами рўз аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба ҳаракатҳои мавқеи коррупсиони дошта, ҳифз намудани худ ва наздикон аз ҳаргуна бемориҳои сироятиву гузаранда аз қабили бемории ВНМО, тартиби ба роҳ мондани муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва вобаста ба дигар масъалаҳои муносибатҳои меҳнатию иҷтимоӣ маърўзаҳо дарҷ карда шуд.

  Бадан аз ҷониби иштирокдорон бо намояндагон саволу ҷавоб доир гардида, вобаста ба масъалаҳои дар боло зикргардида ба худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

                      Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли

                                         аҳолӣ дар ноҳияи Ашт

 

Наши партнеры