Главная / Все новости
     ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

                                                           ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан дар маконҳои барои шинонидани ниҳол мувофиқ ва хурраму кабудизор гардонидани ҷумҳурии азизамон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳашари дастаҷамъона оид ба нигоҳубини ниҳолҳо дар мавсими гармо Агентӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои нашъу намо ва пешгирии хушкшавии ниҳолҳо дар минтақаи вобастшуда бо зарфи обгирии ғунҷоишаш 3 тона ва 500 метр қубурҳои резинии обгузар таъмин намуда, ободии ниҳолҳо ба нақша нирифта шудааст.

Дар ҳашари мазкур, роҳбарият ва кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ инчунин сохторҳои он бахшида ба 35 – солагии истиқлоли давлатӣ ва соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гаштан фаъолона ширкат варзиданд.

Қобили қайд аст, ки тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи Ватан, сарсабзу хӯррам гардонидани он, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва мевадиҳанда, дастгиру шарик будан дар корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ саҳмгузор будан рушду ободии кишвари азизамон рисолати ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар, ба ҳисоб меравад.

Наши партнеры