Главная / Все новости
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод

Ярмаркаи

 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» дар шаҳри Хуҷанд.

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқияномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 26 октябри соли 2022 оид ба ташкил ва баргузории ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озоди корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» мунтазам тадбирҳо меандешад.

Бо ин мақсад рӯзи 26 ноябри соли 2022 дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон ва Бобоҷон Гафуров ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озоди корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун»-ро баргузор намуд.

Дар ярмарка зиёда аз 560 нафар корҷўяндагон иштирок намуда, ба онҳо аз ҷониби сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 1400 ҷойҳои кории холӣ ва аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» 2600 ҷойро бо музди маоши аз 1500 то 4500 сомонӣ пешниҳод намуданд.

Дар натиҷа 50 нафар шаҳрвандон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» барои бо ҷойи кор таъмин намудан номнавис гардида ва ба 22 нафар роҳхати бокортаъминшавии Раёсат, шуъба ва бахши Агентии меҳнат   ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои зикргардида дода шуд.

Инчунин, дар ярмарка намояндаҳои КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ва филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон иштирок намуданд.

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ минбаъд низ баргузории чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холиро бо иштироки ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун»  ташкил менамояд.

 

Наши партнеры