Главная / Все новости
Вохӯриҳои судманд оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар ноҳияи Варзоб

Вохӯриҳои судманд оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар ноҳияи Варзоб

        Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ, васеъ намудани имконият ба шуғли аҳолӣ, амалигардонии сиёсати ҳадафмандонаи давлатӣ барои кам намудани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайри расмӣ) дар бозори меҳнат, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии меҳнат, ҳифзи иҷтимоии кормандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо сокинон ва корфармову кормандони ноҳия вохӯриҳои судманд мунтазам баргузор намуда истодаанд.

        Мутахассисони  шуъба  дар асоси дастуру супоришҳои директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи-чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани хизматҳои машваратӣ ба корхонаю ташкилотҳо дар татбиқ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат, аз ҷумла, татбиқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти мазкур дар субъектони хоҷагидори фаъолияткунандаи ҳудуди ноҳияи Варзоб дар соли 2021 дар маҷмуъ 32 маротиба чорабиниҳо аз қабили 23 маротиба семинарҳои машваратию-омӯзишӣ, 8 маротиба мизи мудаввар ва 1 маротиба баромад тариқи радио роҳандозӣ намудаанд.

        Дар ҳамаи ин вохӯриҳо зиёда аз 530 нафар кормандону корфармоёни 140 адад субъектони хоҷагидори фаъолияткунанда иштирок намудаанд.   

        Қайд кардан зарур аст, ки дар рафти чорабиниҳои мазкур ба самъи ҳозирин ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур, ки ин:

        - ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ошкорсозӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайри расмӣ) дар бозори меҳнат;

        - пурзӯр намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ, дар самти амалисозии чорабиниҳо оид ба пастшавии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайри расмӣ);

        - такмили низоми батанзимдарории бозори меҳнат, инчунин рушди идораи он;

        - эҷоди    низоми   ҳавасмандгардонӣ   оид    ба    расмикунонии муносибатҳои меҳнатӣ;

        - пурзӯр намудани назорат барои таъмини риояи қонунгузории меҳнат;

        - ташкили баргузории чорабиниҳои ташвиқотӣ барои ба аҳолӣ расонидани маълумот оид ба таъсири манфии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайри расмӣ) ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ дар ин самт, инчунин бастани шартномаҳои коллективию меҳнатӣ, таъсиси хадамот ё бахши ҳифзи меҳнат дар ташкилот, таъсиси фонди захиравии музди меҳнат, пардохи саривақтии музди меҳнати кормандон, пешгирии ихтисоршавии коргарон, ҳавасмандгардони ва дастгирии иҷтимоии кормандони корхонаву ташкилотҳо ва ғайраҳо мебошанд расонида шуд.

        Дар робита ба гуфтаҳои боло, фаъолияти  ғайрирасмии иқтисодӣ дар бахши расмии иқтисодӣ ва иқтисодӣ ғайрирасмӣ падидаи нав набуда, дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад. Бахши ғайрирасмӣ бевосита ҳам ба шуғли аҳолӣ ва ҳам ба иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ расонида, ба ҷузъи мустақили бозори меҳнат табдил ёфтааст. Афзоиши ҳиссаи бахши ғайрирасмӣ тайи даҳсолаҳои охир дар иқтисодиёт таваҷҷуҳи бештари давлатҳои дунё, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмиро барои ҳалли масъалаҳои мазкур, ҳамзамон зарурияти дарёфти талошҳои умумро тавассути ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсӣ ва муносибатҳои инноватсионӣ дар ин самт ҷалб менамояд.

        Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ сатҳи замонавии рушди инкишофи ҷамъиятӣ, дигаршавии босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ ва инкишофи илму техника инъикос ёфта, муносибатҳои меҳнатӣ ба дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст.

        Дар ин раванд ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар ҳаммаи самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, автоматикунонии истеҳсолот ва дар ин замина ба вуҷуд омадани шаклҳои нави муносибатҳои меҳнатӣ, нақши муҳим мебозад.

        Ҳамин тавр аз рӯи маълумоти таҳлилгарони байналмилалӣ дар ҷаҳон аз нисф зиёди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол то миллиард нафар бе бастани шартномаҳои меҳнатӣ, яъне бидуни системаи ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият менамоянд. Аммо тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аксари кормандон барои ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ҳавасманд мебошанд ва мақоми ғайрирасмӣ барои онҳо маҷбурӣ ё ин ки муваққатӣ мебошад.  Ба  ин вазъ ҷавонон, занон ва бахсус нафарони сатҳи тахассусашон паст қаноатманд мешаванд, ки барои мутобиқ шудан дар бозори меҳнат мушкилӣ доранд.

        Шуғли ғайрирасмӣ аз як тараф то андозае ба афзоиш ёфтани шуғлнокӣ, имконияти ба даст овардани фоида ва паст кардани шиддатнокӣ дар бозори меҳнат мусоидат намояд, аз тарафи дигар мушаххас вайрон намудани қонунгузориҳо ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ меҳнатии кормандон, пардохти андозҳо ва кӯмакҳои иҷтимоӣ монеъа эҷод намуда, ҳамчун натиҷаи касри буҷет маънидод мегардад ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.

        Аз ин лиҳоз, Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои марбутаи давлатӣ ва шариткони иҷтимоӣ минъбад низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мазмуну талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат ба самъи шаҳрвандон расонида шуда, барои маълумотнокии аҳолии қобили меҳнат дар риояи қонунгузори мусоидат намоянд.

 

 

                                                Зокиров Насрулло Раҳматуллоевич

                                                                                                                   Сардори  шуъбаи Агентии  меҳнат

ва  шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб

Наши партнеры