Бо қарори Ҳайати мушовараи
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз«30» августи соли 2018 №18
тасдиқ карда шуд «Тасдиқ менамоям»
Низомномаи (намунавии Хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилот
Муқаррароти умумӣ
1. ____________________________________________ ҳифзи меҳнат
(раёсати, шуъбаи ё бахши)
(минбаъд – хадамот) мутобиқи моддаи 355 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори __________________________________________
(номи ташкилот)
________________________________________________________________
таъсис дода шудааст.
2. Хадамот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳукуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин низомнома ба роҳ мемонад.
3. Низомномаи мазкур тартиби ташкили ҳифзи меҳнат, дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши дониши кормандонро оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат, усулҳои бехатарии кор ва бехатарии зидди сӯхторро муайян менамояд.
4. Низомномаи бо мақсади таъмини талаботи ҳифзи меҳнат, пешгирӣ аз маъюбшавии истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, беҳтар намудани шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ, инчунин гузаронидани аттестацияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнати кормандони _________________________________ _________________________________________________________________
(номи ташкилот)
________________________________________ таҳия ва тасдиқ гардидааст.
5. Идоракунии ҳифзи меҳнатро дар ташкилот роҳбари он татбиқ менамояд.
6. Хадамот ба яке аз роҳбарони ташкилот, ки сарпарасти соҳаи ҳифзи меҳнат мебошад, итоат мекунад.
7. Ба уҳдаи хадамот гузоштани вазифаҳое, ки ба салоҳияти он тааллуқ надорад, манъ аст.
8. Дар асоси Низомномаи намунавӣ ташкилотҳо бо назардошти хусусият ва шароити хоси худ низомномаи худро таҳия менамоянд.
II. Вазифаҳои хадамоти ҳифзи меҳнат
9. Вазифаҳои асосии хадамот инҳоянд:
- ташкили кор оид ба таъмину иҷрои талаботи ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон;
- танзими фаъолияти зерсохторҳо ҷиҳати таъмин намудани шароити меҳнати солим ва бехатар;
- такмил додани низоми идоракунии ҳифзи меҳнат;
- татбиқ намудани таҷрибаи пешқадам, тарғиби ҳифзи меҳнат ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ оид ба бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат;
- маълумотдиҳӣ ва маслиҳатдиҳӣ ба роҳбарон ва кормандони ташкилот оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- риояи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
- омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва тарғибу ташвиқи ҳифзи меҳнат;
- ташкили тадбирҳои пешгирикунанда оид ба маъюбшавии истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, инчунин кор оиди беҳтар намудани шароити меҳнат.
- дар шартномаҳои коллективӣ ва санадҳои меъёрии дохилӣ таҳияи фасл оид ба ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарӣ дар ҷойхои кор;
- бо зерсохторҳои ташкилот, аз ҷумла бо қисми тиббӣ-санитарӣ, бунгоҳи тандурустӣ, бригадаҳои муҳандисӣ-тиббӣ, дигар муассисаҳои ташкилот (минбаъд зерсохтор), иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон ва бо мақомоти давлатии ҳифзи меҳнат, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ташхиси давлатии шароити меҳнат, нозирони меҳнати иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои тиббӣ ва дигар мақомотҳое, ки бо масъалаҳои ҳифзи меҳнат сарукор доранд, ҳамкорӣ менамояд.
10. Ба зиммаи хадамот ҷиҳати ташкили кор оид ба ҳифзи меҳнат чунин вазифаҳо гузошта мешаванд:
- таҳлили вазъи шароити ҷойҳои корӣ, сабабҳои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ва ҳифзи меҳнат, омилҳои маъюбшавӣ дар истеҳсолот, гирифторшавӣ ба бемориҳои касбӣ;
- роҳбарии кори ташкилӣ ва методии зерсохторҳо барои таъмини шароити меҳнати солим ва бехатар;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фаъолият ва такмилдиҳии низоми идоракунии ҳифзи меҳнат;
- гузаронидани санҷиш (омӯзиш), аз он ҷумла санҷишҳои муштарак бо намояндагони сохторҳои марбута ва бо иштироки намояндаҳои иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон оид ба шароити ҷойҳои корӣ, таъминоти санитарӣ- маишии кормандон, риояи талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми гузаронидани равандҳои технологӣ, истифодаи биноҳо, иншоот, дастгоҳҳо, мошинҳо, механизмҳо, дигар таҷҳизот (минбаъд - таҷҳизот), воситаҳои нақлиёт, асбобҳо, олот, воситаҳои ҳифозати коллективӣ ва инфиродӣ;
- якҷоя бо сохторҳо ташкил намудани омӯзиш ва санҷиши дониши кормандон оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
- бо иштироки сохторҳо омода намудани номгӯи дастурамалҳои амалкунанда ва таҳияшаванда оид ба ҳифзи меҳнат;
- санҷидани бехатарии таҷҳизот, асбобу олот ва ҷойҳои корӣ;
- гузаронидани аттестатсияҳои ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат, шаҳодатномакунонии ҳолати санитарӣ-техникии шароит ва ҳифзи меҳнат;
- таҳияи барномаҳо, нақшаҳо, чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии шароит ва ҳифзи меҳнат, пешгирӣ намудани маъюбшавии истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ;
- таҷҳизонидани овезаҳои ахборотӣ, гӯшаҳо оид ба ҳифзи меҳнат;
- дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- барои аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ, марҳилавӣ гузаштани ҳамаи кормандон аз ҳисоби корфармо андешидани чорабиниҳои зарурӣ;
- тартиб додани рӯйхати касбу вазифаҳое, ки мувофиқи он коргарон бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд;
- омода намудани номгӯи (рӯйхати) касбҳо ва дараҷаҳои коргарон, ки тибқи қонунгузорӣ ба ҷубронпулӣ аз рӯи шароити меҳнат ҳуқуқ доранд.
- назорат бурдан ба рафти сохтмон ва таъмири биноҳо, иншоотҳо;
- иштирок дар қабули қабули таҷҳизоти ба истифода додашуда, сохтмон ё иншооти таҷдидшудаи (навшуда) истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва маишӣ;
- иштирок дар кори комиссия оиди қабули дастгоҳо, агрегатҳо ва дигар таҷҳизот баъд аз таъмир ва дар қисмати риоя кардани талаботи ҳифзи меҳнат ва назорат аз сифати воситаҳои ҳифозати инфиродӣ;
- иштирок дар кори комиссия оид ба аттестатсияи роҳбарон ва мутахассисисони ташкилот;
- иштирок дар кори комиссия оид ба санҷиши дониши коркунон вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва гирифторшавӣ ба бемориҳои касбӣ, таҳия намудани чорабиниҳо барои пешгирии онҳо;
11. Бо иштироки сохторҳо омода намудани пешниҳод оид ба:
- такмил додани системаи идоракунии ҳифзи меҳнат, ҳалли масъалаҳои бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ;
- татбиқ намудани технология, таҷҳизот, маводу моддаҳои бехатар, воситаҳои муҳофизати коллективӣ, таҷрибаи пешқадам ва корҳои илмӣ оиди ин масъала;
- аз истифода баровардани таҷҳизот, асбобу олоти хатарнок ва ба талаботи бехатарӣ номувофиқ;
- омода намудани ҳисоботи давлатии оморӣ ва маълумот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат тибқи шаклҳои муқаррарнамудаи мақомоти омор;
- ба низом даровардани бақайдгирӣ ва нигоҳдории санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ташкилот амалкунанда. Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар замимаи 1 оварда шудааст.
- таъмин кардани сохторҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ, асбобҳои аёнӣ ва маводи таълимӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
- дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои дахдор, намояндаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон баррасӣ намудани ҳолати рад кардани корманд аз иҷрои кори ба ӯ фармудашуда, бо сабаби вуҷуд доштани хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии худаш ва атрофиёнаш, то бартараф намудани он хатар, инчунин, ҳолат ва сабаби ба ӯ надодани воситаи ҳифозати инфиродӣ, ки тибқи талабот пешбинӣ гардидааст;
12. Бо иштироки зерсохторҳо ташкил намудан ва гузаронидани корҳо оид ба пешгирии вайронкунии талаботи бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат, тарғиби масъалаҳои ҳифзи меҳнат, таҷрибаи пешқадами иҷрои бехатари корҳо, аз он ҷумла:
- гузаронидани намоишҳо, озмунҳо, семинарҳо, машваратҳо, курсҳои такмили ихтисос, мусоҳиба ва дигар чорабиниҳо;
- ташкил намудани гӯшаҳо, овезаҳои ахборотӣ оид ба ҳифзи меҳнат, лавҳаҳо, истифода намудани видео ва кинофилмҳо, радиошунавонӣ, телевизион ва дигар воситаҳои ахбороти омма;
- тайёр намудани лоиҳаи фармонҳо ва супоришҳои роҳбари ташкилот оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, аз ҷумла барои муайян намудани вазифаҳои функсионалии роҳбарони зерсохторҳо оид ба ҳифзи меҳнат, дигар шахсони вазифадор, мутахассисон;
- омода намудани лоиҳаи дархостҳо ба ташкилотҳои дахлдор дар бораи пешниҳод намудани ахборот, ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба ташкили кори ҳифзи меҳнат, равандҳои технологӣ, мавод, моддаҳо, таҷҳизот, воситаҳои ҳифозати кормандон аз омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хатарнок.
- ташкил кардани машварат оид ба ҳифзи меҳнат;
- дар муҳлати муайяншуда дида баромадани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии кормандон оид ба масъалаҳои шароити корӣ ва ҳифзи меҳнат, таҳия намудани пешниҳод ба роҳбари ташкилот (роҳбарони зерсохторҳо) барои бартараф намудани камбудиҳои дар рафти баррасӣ ошкоргардида, инчунин омода кардани ҷавобҳо ба аризадиҳандагон.
13. Гузаронидани дастур оид ба ҳифзи меҳнат ба кормандони _________________________________________________________________
(номи ташкилот)
_____________________________________________________________________________________________________:
- масъулият барои саривақт ва бо сифат гузаронидани дастур дар ҷойи кор ва санҷиши дониши талаботи бехатарии меҳнат дар қисматҳои сохторӣ ба души сардорони шуъбаҳо (сехҳо, бахшҳо) вогузор карда мешавад;
- масъулият барои гузаронидани дастури умумии муқаддимавӣ ба муҳандис-мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вогузор карда мешавад;
- саривақт гузаронидани дастур ва омӯзиш доир ба бехатарии меҳнати кормандонро муҳандиси техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ё корманди техникӣ – муҳандис, ки бо фармони роҳбари _____________________________________________________________
(номи ташкилот)
______________________________________________________________________________________________________ ин уҳдадориҳо ба зимаи ӯ вогузор шудаанд, пурра назорат мекунад;
- дастур оид ба бехатарии меҳнат ва санҷиши дониши талаботи бехатарии меҳнат тибқи муқаррароти низомнома ба ҳамаи кормандони ба кор қабулшаванда ё шахсони аз як кор ба кори дигар гузаронидашуда дахл дорад. Дастур дар вақти кор, пеш аз ба кор шурӯъ намудани кормандон гузаронида мешавад;
- якҷоя бо дастур оид ба ҳифзи меҳнат ва санҷиши дониши талаботи бехатарии меҳнат, ки мувофиқи низомнома амалӣ мегарданд, омӯзиш ва аттестатсияи кормандон бо дигар самтҳои бехатарии меҳнат гузаронида мешаванд;
14. Омӯзиши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар _________________________________________________________________
(номи ташкилот)
______________________________________________________________________________________________________
пай дар пай тавассути дастурдиҳӣ гузаронида мешавад, аз ҷумла гузаронидани дастури муқаддимавӣ, дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор, дастури даврии такрорӣ, дастури ғайринақшавӣ ва дастури мақсаднок.
Кормандон баъди санҷиши шифоҳии дониши назариявии талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, бехатарии зидди сӯхтор ба кор роҳ дода мешаванд.
Намудҳои дастур,
муҳлат ва шахси масъул барои гузаронидани дастур
Намуди дастур |
Муҳлат |
Шахси масъул |
Муқаддимавӣ |
ҳангоми қабул ба кор |
Роҳбари қисмати сохторӣ ё дигар шахси ваколатдор, ки бо фармони роҳбар ин уҳдадориҳо ба зиммаи ӯ вогузор шудаанд |
Ибтидоӣ дар ҷойи кор |
ҳангоми қабул ба кор |
|
Такрорӣ |
Барои ҳамаи кормандон - накамтар аз 1 маротиба дар се моҳ |
Роҳбари қисмати сохторӣ ё дигар шахси ваколатдор, ки бо фармони роҳбар ин уҳдадориҳо ба зиммаи ӯ вогузор шудаанд. |
Ғайринақшавӣ |
а) ҳангоми тағйирёбии санадҳои меъёрӣ, ки муҳтавои талаботи ҳифзи меҳнат, инчунин дастурамал оид ба ҳифзи меҳнат доранд; б) ҳангоми тағйирёбии равандҳои технологӣ, таҷҳизот; в) ҳангоми ба таври ҷиддӣ вайрон намудани талаботи ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон; г) бо талаби мақомоти давлатии назорат; д) ҳангоми корманд (барои корҳои шароиташон зараровар ё хатарнок) дар танаффуси зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ буданаш, дар танаффуси зиёда аз думоҳа барои корҳои дигар |
Роҳбари қисмати сохторӣ ё дигар шахси ваколатдор, ки бо фармони роҳбар ин уҳдадориҳо ба зиммаи ӯ вогузор шудаанд. |
Мақсаднок |
ҳангоми анҷом додани корҳои яккарата, аз ҷумла: а) корҳое новобаста аз фаъолияти бевоситаи ихтисосӣ (боркунӣ, борфарорӣ, тоза кардани ягон ҳудуд, ободонии қаламрав, корҳои яккаратаи берун аз корхона ва ҷойи кор,); б) бартараф намудани оқибатҳои садама ва офатҳои табиӣ; в) иҷрои корҳое, ки тибқи иҷозатнома ва фармоиш бояд ба сомон расонида шаванд; г) пеш аз гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ дар ташкилотҳо, инчунин ҳашар ва шанбегиҳо; д) гузаронидани экскурсия дар корхона |
Роҳбари қисмати сохторӣ ё дигар шахси ваколатдор, ки бо фармони роҳбар ин уҳдадориҳо ба зиммаи ӯ вогузор шудаанд. |
15.Дастури муқаддимавӣ
Мақсад ин дастурдиҳӣ ба кормандони нав ба кор қабулшуда фаҳмонидани вазифаҳои онҳо оид ба риояи интизоми истеҳсолӣ ва меҳнатӣ, шинос намудан бо хусусиятҳои кори _____________________________________________________________
(номи ташкилот)
_____________________________________________________________________________________________________ ,
шартҳои умумии бехатарии меҳнат ва муқаррароти асосии қонунгузорӣ доир ба ҳифзи меҳнат мебошад.
Дастури муқаддимавӣ ба ҳамаи кормандони нав ба кор қабулшуда, новобаста аз маълумот, собиқаи корӣ ва вазифа доир ба ҳамин ихтисос, бо кормандони муваққатӣ, кормандони дар сафари хизматибуда, ки барои иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ сафарбаршудаанд, аз ҷониби масъулин баргузор мешавад. Дастур аз тарафи роҳбари қисмати сохторӣ гузаронида мешавад.
Дастури муқаддимавӣ ба таври инфиродӣ ё бо гӯруҳи кормандон, ки техникаи якхеларо истифода мебаранд, дар таҷҳизоти баҳамдигар монанд кор мекунанд ва шароити кори ҳаммонанд доранд, гузаронида мешавад.
Дастурдиҳӣ бо санҷиши дониши гирифтаи корманд аз ҷониби шахси омӯзишдиҳандаи дастур ба таври шифоҳӣ анҷом меёбад.
Оид ба гузаронидани Дастурдиҳии муқаддимавӣ дар Дафтари бақайдгирии дастурдиҳӣ, бо имзои ҳатмии дастургиранда ва дастурдиҳанда қайд гузошта мешавад.
16. Дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор
Дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор то оғози фаъолияти истеҳсолӣ гузаронида мешавад:
- бо ҳамаи шахсони нав ба кор қабулшудаи ___________________;
(номи ташкилот)
______________________________________________________________________________________________________
- бо кормандони аз як қисмати сохторӣ ба қисмати дигар гузаронидашуда;
- бо кормандоне, ки кори навро барои онҳо анҷом медиҳанд, барои иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ба сафари хизматӣ омадагон ва кормандони муваққатӣ;
- бо донишҷӯён ва хонандагоне, ки барои таҷрибаомӯзӣомадаанд ва коромӯзон.
Дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор аз ҷониби роҳбари қисмати сохторӣ, ки корманд ба он ҷо қабул шудааст, гузаронида мешавад.
Дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор бо мақсади додани дастурҳо оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, бехатарии зидди сӯхтор мувофиқи ихтисос ва намудҳои кор гузаронида мешаванд.
Дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор бо ҳар як корманд ба таври инфиродӣ ва ё барои гурӯҳи кормандон, ки техникаи якхеларо истифода мебаранд, дар таҷҳизоти ба ҳамдигар монанд кор мекунанд ва шароити кори ҳаммонанд доранд, гузаронида мешавад.
Оид ба гузаронидани дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор бақайдгирӣ сурат мегирад:
а) дар дафтари бақайдгирии дастури ибтидоӣ дар ҷойи кор бо имзои ҳатмии дастургиранда ва дастурдиҳанда;
б) дар варақаи назоратии гузаштани омӯзиши усулҳои бехатари меҳнат.
Дастурдиҳӣ бо санҷиши дониши гирифтаи корманд аз ҷониби шахси омӯзишдиҳандаи дастур ба таври шифоҳӣ анҷом дода мешавад.
17. Дастури такрорӣ
Дастури такрорӣ оид ба техникаи бехатарӣ тибқи барномаи дастури муқаддимавӣ, барои ҳамаи кормандон новобаста аз ихтисос, собиқаи корӣ ва таҷриба гузаронида мешавад.
Дастурдиҳӣ дар шакли сӯҳбат, бо таҳлили муфассали ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои ТБ, беҳдошти истеҳсолӣ, инчунин оқибатҳои онҳо баргузор мешавад. Дастур аз тарафи роҳбари қисмати сохторӣ гузаронида мешавад.
Дастури такрорӣ ба таври инфиродӣ ё бо гурӯҳи кормандон, ки техникаи якхеларо истифода мебаранд, дар таҷҳизоти ба ҳамдигар монанд кор мекунанд ва шароити кори ҳаммонанд доранд, гузаронида мешавад.
Дастурдиҳӣ бо санҷиши дониши гирифтаи корманд аз ҷониби шахси омӯзишдиҳандаи дастур ба таври шифоҳӣ анҷом меёбад.
Оид ба гузаронидани дастури такрорӣ дар ҷойи кор дар Дафтари бақайдгирии дастур дар ҷойи кор бо имзои ҳатмии дастургиранда ва дастурдиҳанда қайд гузошта мешавад;
18. Дастури ғайринақшавӣ
Дастури ғайринақшавӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- ҳангоми татбиқи стандартҳо, қоидаҳо, дастуруламалҳои нав коркардшуда оид ба ҳифзи меҳнат, инчунин тағйиротҳо нисбат ба онҳо;
- ҳангоми тағйиротҳои раванди технологӣ, ивазшавӣ ё навсозии таҷҳизот, асбобҳо, ашёи ибтидоӣ, маводҳо ва дигар омилҳо, ки ба бехатарии меҳнат таъсир мерасонанд;
- ҳангоми аз ҷониби кормандон вайрон намудани талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ки ба маъюбшавии истеҳсолӣ, садама, таркиш, сӯхтор ё заҳролудшавӣ оварда мерасонанд;
- бо талаботи мақомоти назоратӣ;
- ҳангоми танаффус дар вақти кор – барои корҳое, ки талаботи иловагии (баланди) бехатарии меҳнат зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ, аммо барои корҳои боқимонда 60 рӯзи тақвимӣнишон дода шудааст.
Дастури ғайринақшавӣ бо ҳар як корманд ба таври инфиродӣ ё бо гурӯҳи кормандони як қисмати сохторӣ гузаронида мешавад. Ҳаҷм ва мазмуни дастур дар ҳар як ҳолати мушаххас вобаста аз сабаб ва вазъият, ки зарурати баргузории онро ба миён овардааст, муайян карда мешавад.
Дастури ғайринақшавиро роҳбари қисмати сохторӣ мегузаронад.
Оид ба гузаронидани дастури ғайринақшавӣ дар дафтари бақайдгирии дастур дар ҷойи кор бо имзои ҳатмии дастурдиҳанда ва дастургиранда бақайдгирӣ сурат мегирад.
19. Дастури мақсаднок
Дастурдиҳии мақсаднок пеш аз анҷом додани корҳои яккарата, аз ҷумла:
- корҳое новобаста аз фаъолияти бевоситаи ихтисосӣ (боркунӣ, борфарорӣ, тоза кардани ягон ҳудуд, ободонии қаламрав, корҳои яккаратаи берун аз корхона, ҷойи кор,);
- бартараф намудани оқибатҳои садама ва офатҳои табиӣ;
- иҷрои корҳое, ки тибқи иҷозатнома ва фармоиш бояд ба сомон расонида шаванд;
- гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ дар ташкилотҳо, инчунин ҳашар ва ё шанбегиҳо;
- ташкили экскурсия дар корхона гузаронида мешавад.
20. Тартиби омӯзиши бехатарии меҳнат ба роҳбарони ҷамъият
Роҳбарони ҷамъият, шӯъбаҳо ва муҳандиси ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ доир ба ҳифзи меҳнат дар доираи уҳдадориҳои вазифавиашон ҳангоми ба кор қабул шудан, омӯзиши махсусро мегузаранд ва минбаъд аз рӯи зарурат на камтар аз як маротиба дар се сол омӯзонида мешаванд.
Роҳбарони нав ба кори роҳбарӣ таъиншуда ба фаъолияти мустақилона баъди аз тарафи корфармо бо уҳдадориҳои вазифавӣ (ё шахси аз сӯи вай ваколатдор) шинос намуданашон, аз ҷумла ҳифзи меҳнат, бо санадҳои меъёрии дохили ҷамъиятии амалкунанда, ки тартиботи ташкили корро оид ба ҳифзи меҳнат ба низом даровардааст, шароити меҳнат дар объектҳоиба онҳо боваркардашуда (қисматҳои сохтории ҷамъият) роҳдода мешаванд.
21. Дастурдиҳии бехатарии зидди сӯхтор
Дастурдиҳии бехатарии зидди сӯхтор бо мақсади ба самъи кормандон расонидани талаботи асосии бехатарии зидди сӯхтор, омӯзиши равандҳои технологии истеҳсолот, таҷҳизот, воситаҳои муҳофизати зидди сӯхтор ва чораҷӯӣ намудан дар ҳолатҳои сарзадани сӯхтор гузаронида мешавад.
Дастурдиҳии бехатарии зидди сӯхтор мунтазам, тибқи нақша ва талабот аз ҷониби мутахассис ва ё шахси масъул гузаронида мешавад.
III. Назорат кардани ҳифзи меҳнат аз ҷониби хадамот
22. Хадамот назорат ва иҷрои корҳои зеринро мебарад:
- риояи қонунгузорӣ оиди техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, дастурамалҳо, санадҳои меъёрии ҳукуқии дохилӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- аз ҷониби шахсони вазифадор ва дигар кормандон иҷро кардани вазифаҳои функсионалӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ки дар низоми хадамоти ҳифзи меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ пешбинӣ гардидааст;
- ба қонунгузории ҳифзи меҳнат мутобиқат намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии қабулгардида. Дар мавриди ошкор намудани ихтилофи чунин санадҳо бо қонунгузории ҳифзи меҳнат хадамот барои бартараф кардани онҳо мутобиқи тартиботи муқарраршуда пешниҳод медиҳад;
- иҷрои сраивақтии қарорҳои (фармонҳо, амрҳо, дастурҳо, таъинот) мақомоти давлатии ҳифзи меҳнат, назорат ва санҷиш, ташхиси давлатии шароити меҳнат, ташкилоти болоӣ, пешниҳодҳои нозироти меҳнати иттифоқҳои касаба;
- ташкили чорабиниҳо оиди беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат, ки дар барномаҳо, нақшаҳо, шартномаи коллективӣ, нақшаи чорабиниҳо оиди ҳифзи меҳнат, дигар чорабиниҳо барои таъмини шароити меҳнати солим ва бехатар, пешбинӣ шудаанд;
- таҳлили ба қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат мувофиқат намудани таҷҳизот, асбоб, олот, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои барқӣ, биноҳо ва иншоот, мавод, ашё ва моддаҳои кимиёвӣ, раванди технологӣ, воситаҳои ҳифозати инфиродӣ ва коллективӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарии мавҷуда;
- саривақт гузаронидани муоинаи техникӣ, озмоишҳо, шаҳодатномакунонии техники таҷҳизот, воситаҳои ҳимоя;
- таъмини самаранокии корҳои системаҳои ҳавотозакунӣ (аспирационӣ) ва шамолдиҳӣ;
- назорати ҳолати воситаҳои ҳифозати коллективӣ;
- ташкили ҷойҳои корӣ ва иҷрои корҳо мутобиқи талаботи ҳифзи меҳнат;
- сари вақт гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оиди шароити меҳнат, шиносномакунонии ҳолати шароити санитарӣ-техникӣ ва ҳифзи меҳнат, аз рӯи натиҷаи он омода намудан ва гузаронидани чорабиниҳо мутобиқи талабот;
- сари вақт таъмин кардани кормандон бо воситаҳои ҳимояи инфиродӣ, истифодабарии онҳо, нигоҳдории (ҳифз, додан, шустан, тоза кардан, хушкондан, безарар гардондан, таъмир ва ғайра) мутобиқи Қоидаи таъмин кардани кормандон бо воситаҳои ҳимояи инфиродӣ.
-таъмин кардани кормандон бо воситаҳои шусташӯй ва безараргардонӣ ва дуруст истифода бурдани онҳо мутобиқи Қоидаи таъмин намудани кормандон бо воситаҳои шустушӯй ва безараргардонӣ;
- таъмини кормандон бо биноҳои санитарию маишӣ мутобиқи меъёри амалкунанда;
- ҳолати санитарӣ-гигиении биноҳои истеҳсолӣ, ёридиҳанда ва маишӣ;
- дар зерсохторҳо мавҷуд будани дастурҳои амалкунанда оиди ҳифзи меҳнат, сари вақт боздид намудани онҳо ва таҳия кардани дастурамалҳои нав;
- сари вақт ва босифат гузарондани омӯзиш, санҷиши дониш, ҳамаи намудҳои дастури коркунони ҳифзи меҳнат мутобиқи талаботи санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои тайёрӣ (омӯзиш), бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ, дастурдиҳӣ, такмили ихтисос ва санҷиши дониши коркунони ҳифзи меҳнатро танзим мекунанд;
- аз муоинаи тиббӣ гузаштани кормандон мутобиқи Тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ҳангоми ба кор қабул намудан ва муоинаҳои тиббии даврагӣ, ки бо фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011, №146 тасдиқшуда;
- назорати сари вақт ва дуруст додани ҷубронпулӣ ба коркунон аз рӯи шароити меҳнат, ройгон додани хӯроки табобатӣ- профилактикӣ, шир ё озуқавории баробарарзиш, рӯзи кории кӯтоҳ ва рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити зарарнок ва дигар намудҳои ҷубронпулӣ;
- риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оиди ҳифзи меҳнати занон ва коргароне, ки аз синнашон 18- сола хурдтар ҳастанд;
- риоя намудани Тартиби тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст; андешидани чораҳо барои барҳам додани сабабҳои ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ (дар асоси ҳуҷҷатҳои тафтиши ҳодисаҳо) тақозо дорад;
- дуруст харҷ кардани маблағ ва захираҳои моддӣ, ки барои иҷрои чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат таъин гардидаанд.
IV. Ҳуқуқи коркунони хадамот
23. Коркунони хадамот ҳуқуқ доранд:
- дар зерсохторҳо оид ба вазъияти шароити меҳнат, риояи талаботи ҳифзи меҳнат санҷиш (омӯзиш, тадқиқот) гузаронанд, дар доираи салоҳияти худ бо ҳуҷҷатҳои ҳифзи меҳнат шинос шаванд;
- аз роҳбарони сохторҳо, дигар шахсони вазифадор гирифтани маълумоти зарурӣ оиди масъалаҳои ҳифзи меҳнат, талаб намудани баёноти хаттӣ аз шахсони вазифадор ва дигар кормандоне, ки ба вайрон намудани талабот оиди ҳифзи меҳнат роҳ додаанд.
- ба роҳбарони зерсохторҳо, дигар шахсони вазифадор мутобиқи шакли замимаи 2 барои иҷроиш таъиноти ҳатмӣ додан ва иҷрои онро назорат кардан. Таъинот дар намуди номгӯи чорабиниҳое тартиб дода мешавад, ки барои бартараф намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи меҳнат, таъмини шароити солимӣ ва бехатари меҳнат нигаронида шудааст. Ҳуқуқи бекор кардани таъинот ё иҷро кардани нуктаҳои алоҳидаи он, инчунин ба муҳлати дигар гузаронидани иҷрои онҳоро роҳбари ташкилот ва ё муовинаш, ки хадамот ба ӯ тобеъ мебошад дорад. Қарори ба хулоса қабулшуда оид ба масъалаи мазкур бояд таърихи руз ва имзо дошта бошад. Иҷрои супоришҳо ва чорабиниҳои дар санадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор дарҷшуда, ки аз ҷониби хадамот дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо муайян гардидааст, ҳатмӣ мебошад.
- бо таъинот боздоштани (манъ кардан) истифодабарии таҷҳизот, асбобҳо, олот, воситаҳои нақлиёт, иҷрои кор (расонидани хизмат) ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо, ки ба ҳаёт ё саломатии коргарон ва атрофиён хатар доранд;
- бо тартиби муқарраргардида дар бораи аз кор дур намудани коргаре, ки ба кор дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ омадааст, коргаре, ки тайёрии касбии мувофиқ, аз ҷумла оиди ҳифзи меҳнат надорад, аз санҷиш оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат нагузаштааст, воситаҳои ҳифозати инфиродиро, ки бехатарии меҳнатро таъмин менамояд истифода намебарад, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ аз ташхиси тиббӣ нагузаштааст, пешниҳод намояд.
- бо розигии роҳбари корхона, роҳбарони сохторҳои зертобеъ ҷалб намудани мутахассисон (бо розигии онҳо) ба санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, халли дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти хадамот дохиланд;
- ба роҳбари корхона ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандон барои кори фаъолона дар самти ҳифзи меҳнат, инчунин барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони вазифадор ва дигар кормандон барои вайрон кардани қонун оид ба меҳнат, қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, дастурамалҳо оиди ҳифзи меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ, таклифҳо пешниҳод намояд;
- бо супориши роҳбари корхона ва ё муовине, ки хадамот ба ӯ тобеъ мебошад, манфиатҳои корхонаро оиди масъалаи ҳифзи меҳнат дар дигар корхонаҳо намояндагӣ мекунад;
- барои иҷро намудани вазифаҳои худ ҳар вақт бемамониат вориди биноҳои истеҳсолӣ, ёрирасон ва маишии сохторҳо гардад;
- ба корфармо дар бораи беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнати кормандон, камшавии хатарнокии касбӣ, пешгирии ҷароҳатбардории истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ таклифҳо пешниҳод намояд.
V. Масъалаҳое, ки бо хадамот мувофиқа карда мешаванд
24. Бо хадамот мувофиқа карда мешаванд:
- ҳуҷҷатҳои таҳияшавандаи лоиҳавӣ, конструкторӣ, технологӣ, техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои татбиқ намудан дар ташкилотҳо, дар қисмати мутобиқат ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- лоиҳаи фармонҳо, дастурҳо, дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии дохилӣ, ки ба таъмини шароити меҳнати солим ва бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дахл доранд;
- барномаҳо, нақшаҳо, чорабиниҳо оиди беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат, пешгирии ҷароҳатбардории истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ;
- тағйироту иловаҳои ба шартномаи коллективӣ воридшаванда оиди ҳифзи меҳнат;
VI. Ташаккули хадамот
25. Сохтор ва шумораи кормандони хадамот аз ҷониби роҳбари ташкилот мутобиқи талаботи қонунгузорӣ оиди меҳнат ва ҳифзи меҳнат (вобаста ба шумораи кормандон, хусусият ва дараҷаи хатари омилҳои муҳити истеҳсолӣ ва ҷараёни меҳнат, мавҷуд будани намудҳои хатарноки фаъолият, истеҳсолот ва иншоот), вазифаҳо ва функсияҳои хадамот тибқи нишондоди ҳамин Низомномаи намунавӣ муайян карда мешавад.
26. Барои ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарор қабул мекунад ё уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Низомномаи намунавии хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад.
27. Дар ҳайати хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот вобаста ба хусусияти истеҳсолот ё дар сурати бештар аз 500 нафар будани шумораи кормандон вазифаи табиб оид ба гигиенаи меҳнат ҷорӣ карда шуда, лабораторияи саноатию санитарӣ таъсис дода мешавад.
28. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавҷудияти омилҳои зарарноки истеҳсолӣ чунин лабораторияҳо метавонанд аз ҷониби якчанд ташкилот тибқи принсипи соҳавӣ ташкил карда шаванд.
29. Дар мавриди аз меъёри заминавӣ кам будани шумораи коргарон ва дар ташкилот вуҷуд надоштани мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вазифаи мазкур мутобиқи қонунгузорӣ ба зиммаи мутахассиси дигар (баъди омӯзондан ва санҷиши донишаш) ё муовини роҳбари ташкилоте, ки барои ташкили кори ҳифзи меҳнат масъул аст, гузошта мешавад.
30. Мувофиқи шартнома, ки байни ду ва зиёда аз он ташкилотҳо баста шудааст, ё дар асоси фармони ташкилоти болоӣ имкон дорад барои якчанд ташкилоти самти фаъолияташон якхела хадамоти умумӣ таъсис дода шавад.
31. Барои гузаронидани машварат, иҷрои кор оиди ташкили ҳифзи меҳнат ташкилот метавонад мутахассисони алоҳидае, ки дар ин соҳа хизмат мекунанд, ҷалб намояд.
32. Ҳангоми мавҷуд набудани хадамот дар ташкилот роҳбарро аз масъулияти ташкил намудани кор ва иҷроиши назорат оид ба ҳифзи мехнати кормандон мутобиқи ҳамин Низомномаи намунавӣ озод намекунад;
33. Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи роҳбари хадамот, мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат шахсоне таъин карда мешаванд, ки ҷавобгӯи талаботи тахассусӣ бошанд.
34. Санҷиши дониши кормандони хадамот ва шахсоне, ки вазифа ба зиммаашон гузошта шудааст оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат тибқи тартиби муқарраргардида на дертар аз як моҳ аз рӯзи ба вазифа таъин шудан, гузаронида мешавад. Минбаъд чунин санҷиш на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад.
35. Фаъолияти хадамот танҳо дар ҳолати барҳам хӯрдани ташкилот қатъ мегардад.
VII. Ташкили кори хадамот
36. Роҳбари ташкилот вазифадор аст, ки шароити зарурии кори кормандони хадамотро барои иҷрои вазифаи мансабӣ ва ваколатҳояш, ки дар Низомномаи намунавӣ нишон дода шудааст фароҳам орад ва мунтазам баланд бардоштани дараҷаи ихтиси онҳоро таъмин намояд.
37. Ташкили кори кормандони хадамот пешбинӣ менамояд, ки мувофиқи мансаби ишғолкардааш ба ҳар кадоми он оид ба ҳифзи меҳнат вазифаи муаяйн вогузор карда шавад.
38. Ба коркунони хадамот бояд шароити мувофиқи корӣ ташкил карда шавад, аз он ҷумла:
-таъмин кардан бо утоқи корӣ, мебел ва асбобу анҷом (бо имкони қабули шаҳрвандон, гузаронидани ҷаласаҳо ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо) ;
-таъмин кардан бо компютер ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон, воситаҳои техникии алоқа ва назорати шароити ҳифзи меҳнат, адабиёти зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва маълумотномавӣ оиди ҳифзи меҳнат.
VIII. Роҳбари хадамот
38. Роҳбари хадамот:
- аз тарафи роҳбари корхона ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;
- корро ташкил менамояд, вазифаҳоро байни коркунони хадамот тақсим мекунад, дастурамали вазифавии онҳоро таҳия менамояд, ба фаъолияти онҳо назорат мекунад;
- барои иҷрои вазифаҳои мансабиашон нисбати ба кор таъин кардан ва аз кор озод кардан, ҷазои интизомӣ ва ё мукофот додан таклиф пешниҳод мекунад.
IX. Назорат ва масъулият
39. Ба фаъолияти хадамот роҳбари ташкилот, хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилотҳои болоӣ, мақомоти дахлдори идораи давлатии ҳифзи меҳнат, назорат ва санҷиш мебарад.
40. Барои иҷрои вазифа ва функсияҳои ба зиммаи хадамот гузоштаи ҳамин Низомномаи намунавӣ роҳбари корхона масъул мебошад.
41. Кормандони хадамот барои иҷрои вазифаҳои хизматии худ, ки дар низомномаи хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот ва дастурамалҳои вазифавиашон муқаррар шудааст, масъулиятро доро мебошанд.