Главная / Все новости
ҚАБУЛИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

                              ҚАБУЛИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

      Тавре хабар дода будем, ҳайати Ҷумҳурии Корея, ки ба он намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқуллодаи тиббии Ҷумҳурии Корея, ширкатҳои Хизматрасонии кардиопулменарӣ, World mobility Associaion ва KOCECO шомил мебошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Имрўз, санаи 18 август ҳайати мазкур аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода пазируфта шуда, ҷонибҳо оид ба таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ бо мақсади сафарбар намудани қувваи корӣ барои таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори меҳнати Корея дар бахши саноати сабук, мошинсозӣ ва баҳамории қисмҳои эҳтиётии электромобилҳо  ибрози андеша намуданд.
Тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо Ширкати World Мobility Associaion ба мувофиқа расиданд.

Наши партнеры