Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии ш. Душанбе» ҷиҳати иҷрои нақшаи корҳои иттилоотонӣ дар давоми соли 2022, чунин маълумотро пешниҳод менамояд.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 5 январи соли 2022 маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 наминатсия, қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар интихоби касбу ҳунар ва талқини ташаккули тарзи ҳаёти солим ба оммавигардонии варзиш ва имконияти рушди ин соҳаи муҳим равона буда, давоми соли гузашта низ силсилаи ҳавасмандиҳо барои ҷавонону варзишгарон амалӣ гардид.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, «мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаи онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд».
Маросими ҷамъбастӣ ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеъа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон баргузор гардид.
Ҳамзамон Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии ш. Душанбе» Аминҷони Абдураззоқ дар наминатсияи 30 ҷавони муваффақ дар соли 2021 иштирок намуда, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи «Ҷавонони муваффақ дар соли 2021» сарфароз гардонида шуд.