Главная / Все новости
ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУШТАРАК

                                                            ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУШТАРАК

          Дар доираи сафари ҳайати Қатар ба Ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самиҳ ал-Маррӣ, инчунин масъулини сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб баргузор гардид.

Зимни он ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи Созишномаи мазкур, инчунин доир ба роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва тақвияти заминаи моддию техникии МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” таваҷҷуҳ намуданд.

Зимни ҷаласа гузоришҳои муовини вазири ҳар ду ниҳод Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва Муҳаммад Ҳасан ал-Убайдлӣ оид ба иҷрои Протколи ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории муштарак шунида шуд.

Дар идомаи ҷаласаи роҳбарияти МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолияти сохторҳои марбутаи худро муаррифӣ намуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифта, оид ба дурнамои ҳамкориҳо ҷонибҳо таклифҳо пешниҳод намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак протоколи дахлдор қабул гардид.

Наши партнеры