Главная / Все новости
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                                              МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 16 уми июни соли 2026 дар Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои давлатии низоми Вазорат бахшида ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият – рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Насимҷон оғоз намуда, бо баромади пурмуҳтаво аз шарофатҳои беназири Истиқлолият ёдоварӣ карданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Истиқлолият барои мо - мардуми Тоҷикистон, на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки заминаи устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, ки дар ин замина, соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла, рушди бозори меҳнат, таъмини бехатарии меҳнат, фароҳамоварии ҷойҳои нави корӣ ва шуғли аҳолӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва монанди инҳо низ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ рушду тараққӣ ёфтанд. Заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра такмил дода шуданд. Қонунгузории меҳнат ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ гардонида шуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон ҳифз карда мешаванд.

Дар мизи мудаввар директори муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, доктори илмҳои сиёсӣ – Маҳмадбекзода М, мудири бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Мирзозода Шариёр ва сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ – Зарифзода Замира низ баромад намуда, дар бораи Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёрии давлат, инчунин дар бораи дастовардҳои 35 солагии истиқлолият ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом маърузачиён ҳозиринро ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он даъват намуданд.

Наши партнеры