Сухани табрикотии директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам, Баротзода Бобохон Хол,
бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
Ҳамкасбони азиз,
Ҳамаи шуморо бахшида ба иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон саодату комёбӣ, дастовардҳои назарраси касбӣ ва оромиву осудагии рӯзгорро таманно менамоям.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағийру иловаҳо ворид гардид, ки дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи фархунда боиси ифтихори ҳар як кормандони соҳаи меҳнат мебошад, ки мо онро бо рӯҳияи идона ва дар фазои сулҳу суботи Ватани маҳбубамон истиқбол менамоем.дар ин росто қайд намудан зарур аст, ,КИ дар асоси қарори Президиуми Совети Олии ҶСШ Тоҷикистон аз 5 майи соли 1991, №111 Маркази ҷумҳуриявии шуғли аҳолӣ таъсисдода шуда,баъдан аз 2 апрели соли 2005, №114 мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ табдил дода шуд.
Ҳамзамон дар ин давра тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 4июни соли 2014,№391 ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ табдили ном кард.
Қобили зикр аст, ки тайи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо имкониятҳои дастдоштааш ҳиссагузорӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Бахусус, дар ин даврони тақдирсози мамлакат масъалаҳои мусоидати ройгон дар интихобу дарёфти кори мувофиқ, гирифтани маълумот дар борои ҷойҳои кории холӣ, хизмати миёнаравии ройгон, тамоюлҳои касбӣ, тарбия ва бозомузии касбӣ, такмили ихтисос, пардохти кӯмаки молиявӣ барои давраи бекорӣ, таъмини дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурду миёна, ки ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меорад, аз силсилаи фаъолиятҳое мебошанд, ки тавассути ҷаҳду талошҳои кормандони Агентӣ ба амал бароварда мешаванд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар пешорӯи сохтанҳо, навкориҳо ва тозаандешиҳо қарор дорад ва вобаста ба тағйир ёфтани шакл ва мазмуни зиндагии сокинони кишвар дар қонунгузорӣ, меъёрбандӣ ва санадгузориҳо низ тағйиротҳо ба миён меоянд.
Ҳамвора ба пешбурди фаъолиятҳои амалӣ, дар давоми ин солҳо ихтисосмандони Агентӣ дар мустаҳкам кардани пояҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа низ бо имкониятҳои дастдошта ва истифодаи захираҳои зеҳниашон ширкат варзидаанд. Ҳамин буд, ки бо Қарори сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27- уми декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» қабул гардида, моҳи феврали соли 1996 ва моҳи майи соли 1998 вобаста ба талаботи замон ва тадриҷан дигаргун гардидани сиёсати иқтисодии мамлакат ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шудаанд.
Ҳамзамон, соли 2003 бо назардошти тағйиротҳои кулли баамаломада дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва моҳиятан ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар таҳрири нав омода шуда аз тарафи Парлумони кишвар қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Ҳамчунон, дар ин давом аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии такмили сохтор ва пешрафти самтҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ зиёда аз 17 қарорҳои фарогирандаи паҳлӯҳои мухталифи соҳа ба тасвиб расидаанд.
Илова бар ин, давоми ин солҳо ҷиҳати рушду такомули минбаъдаи соҳа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сохторҳои таркибии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, 8 маротиба Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки дурнамои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд, таҳия, қабул ва марҳила ба марҳила амалӣ карда шуданд.
Дар ҳамин замина Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ботадриҷ татбиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ тибқи ҳуҷҷатҳои консептуалии соҳа дар самти, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, дастгирии фаъолияти соҳибкории шахсони бекор, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва таъину пардохти кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Итминони комил дорам, ки дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи меҳнат ба таври густурда рушд намуда, баҳри фароҳам овардани шароити созгори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бори дигар ба шумо ва аҳли пайвандонатон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро табрик намуда, барои ҳамаи Шумо саодати рӯзгор, саломативу сарҷамъӣ ва барои кишвари азизамон тинҷию амонӣ ва ваҳдати ҷовидонаро таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, ҳамкасбони азиз!
Бо эҳтиром, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Баротзода Бобохон Хол