Главная / Все новости
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

озмун эълон мекунад

 

Дастгоҳи маркази

 

1.Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 1 ҷой;

2.Мутахассиси бахши иттилоотӣ - 1 ҷой;

3.Мутахассиси  шуъбаи молияи раёсати тарҳрезию молия - 1 ҷой;

 

Талаботи тахассусӣ ва маоши моҳонаи мансабҳои холӣ:

 

- муовини сардори раёсат: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаб мувофиқ, 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм, маоши мансабӣ 4794,1 сомонӣ

- мутахассис: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ба мансаб мувофиқ, маоши мансабӣ 1695,8 сомонӣ.

 

Раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва

шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

 

4.Мутахассиси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе - 1 ҷой;

5.Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ - 1 ҷой;

6.Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур -1 ҷой;

7.Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 ҷой; 

8.Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Сино-1 ҷой;

 

Талаботи тахассусӣ ва маоши моҳонаи мансабҳои холӣ:

 

-сармутахассис: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаб мувофиқ, 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, маоши мансабӣ 2279,6 сомонӣ;

-мутахассиси пешбар: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаб мувофиқ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маоши мансабӣ 1862,6 сомонӣ;

-мутахассис: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ихтисоси ба мансаб мувофиқ, маоши мансабӣ 1612,4 сомонӣ.

 

Раёсат, шуъба ва бахшҳои

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ШНТҶ

 

9.Мутахассиси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор - 1 ҷой;

10.Сармутахассиси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шаҳри Ваҳдат - 1 ҷой;

11.Мутахассиси пешбари раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат - 1 ҷой;

12.Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 1 ҷой;

13.Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 1 ҷой;

14.Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт - 1 ҷой;

15.Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой;

16.Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой;

17.Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой;

18.Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб - 1 ҷой;

19. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш - 1 ҷой;

 

Талаботи тахассусӣ ва маоши моҳонаи мансабҳои холӣ:

 

-сармутахассис: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаб мувофиқ, 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, маоши моҳона 2168,4 сомонӣ

-мутахассиси пешбар: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаб мувофиқ, маоши моҳона 1862,6 сомонӣ;

-мутахассис: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ба мансаб мувофиқ, маоши моҳона 1459,5 сомонӣ.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-ариза ба номи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ҳарбӣ, РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ), маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ), маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ва маълумотнома (объективка).

 

Маълумоти муфассал бо тел: 250-32-56, сомонаи w.w.w.mehnat.tj, w.w.w.kor.tj ё дар саҳифаи фейсбукии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Нишонӣ: кӯчаи А.Навоӣ 5/1

Наши партнеры