Главная / Все новости
Натиҷаи Ярмаркаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ

    Натиҷаи Ярмаркаи ноҳияи Рӯшони                                      ВМКБ

   ДАР ЯРМАРКА 250 НАФАР ИШТИРОК ДОШТАНД.

7 июни соли равон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар доираи сафари ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.

Масъули баргузори чорабинии мазкур сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Дӯстмурод Ҳайит зимни пешниҳоди гузориш аз натиҷаи баргузории ярмарка иттилоъ дод, ки сокинони ноҳияи Рӯшон зиндагии орому осоишта дошта, ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғуланд ва дар ярмарка 250 нафар иштирок намуданд. Ба онҳо аз ҷониби 15 корхонаю ташкилоти ҳудуди ноҳия 45 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид, ки ҳамагӣ 4 нафар мутобиқ ба талаботи корфармо ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Ба зиёда аз 60 нафар барои соҳибкасб гардидан дар заминаи филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» роҳхат дода шуд. 50 нафар ба корҳои ҷамъиятии муздноки мавсимӣ сафарбар шуда, 35 нафар барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар филиали МД «Агенти бокортаъминкунӣ дар хориҷа» номнавис шуданд.

Доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба муносибаҳои меҳнатӣ, инчунин бозомӯзӣ ва касбомӯзӣ мутаносибан ба 52 ва 100 нафар мутахассисони соҳа машварати ҳуқуқӣ ва касбӣ доданд.
Ноҳияи Рӯшон 26 ҳазору 214 нафар аҳолӣ дошта, аҳолии қобили меҳнат13853 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ин шумора 2671 нафар кироякор буда,шахсони ба шуғли даромаднок машғул 7801 нафар мебошанд.

Дар ноҳия курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ мунтазам ташкил карда мешаванд ва соли ҷорӣ дар чунин курсҳо 79 нафар соҳиби касб гардиданд. Дар курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  60 нафар хунарҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофиро омӯхта, айни замон фаъолият доранд.

 

Наши партнеры