Главная / Все новости
Семинари омузиши дар беморхонаи клиникавии шаҳриёр

клиникавии шаҳриёр

таъҷилии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 

Бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкори бо беморхонаи клиникавии шаҳрии ёрии таъҷилии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, дар доираи чорабиниҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ санаи 16 августи соли 2022 семинари омўзишию фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боби 37 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, моддаи 345 ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва моддаи 346 уҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат баргузор гардид.

        Дар чорабинии мазкур 56 нафар кормандони беморхонаи клиникавии шаҳрии ёрии таъҷилии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

        Ҷаласаро сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии ёрии таъҷилии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳусни ифтитоҳ бахшид.

 

    Дар рафти семинар сармутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Зувайдов Б. суханрони намуда, ба ҳозирин доир риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат маълумот дод. Ҳамзамон аз сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии ёрии таъҷилии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кумакҳои методӣ бо мақомоти маҳаллии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамкорӣ намоянд.

 

Сармутахассиси Агенти меҳнат ва шуғли  аҳолӣ   дар  ноҳияи Шоҳмансур

Зувайдов Б.

Наши партнеры