БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲР ВА НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Санаи 8-уми июни соли ҷорӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон ҷиҳати шиносоӣ бо шароити корӣ аз мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод дидан намуданд.
Инчунин бо раисони шаҳр ва ноҳияҳои мазкур дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд суҳбату вохуриҳо гузаронида шуданд.
Зимни мулоқот роҳбарияти Агентӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мақомоти шуғли аҳолӣ кабудизоркунии атрофи биноҳо ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани малакаи кормандон ва баргузории ҷойҳои кории холӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.