Главная / Все новости
Таҷлили “Рӯзи дониш” дар марказ

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии ш. Душанбе»  бахшида ба “Рӯзи дониш” 1 – сентябри соли 2021 бо иштироки кормандон, мутахассисон, муаллимон ва касбомӯзони гурӯҳҳои “Масҳгарӣ” ва “Қаннодӣ” дар соати якум тибқи ҷадвали дарсӣ “Дарси сӯлҳ” дар иштироки намояндагони Агентӣ Абдулваҳобзода Таманно ва Саторов Рӯстам гузаронида шуд. Директори Марказ Аминҷони А баромад намуда, аҳли нишастро аз номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи директори Агентии меҳнат ва шӯли аҳолӣ ба “Рӯзи дониш» табрику таҳният гуфта, дар хонишашон мувафақият ва дар саломатияшон сиҳатии бардавом таманно кард ва зикр намуд, ки  орзӯи онро дорем, ки дар оянда соҳиби касбу ихтисос гашта, барои рушди ҷомеъа ҳиссагузор бошем. 
Ҳамзамон мутахассиси Марказ Қурбонов О. баромад намуда, дар ду мисраи шеъри шоир қайд намуд, 

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Оре, дониш чароғи ақл, қувваи дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро ба роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибхизмат бигардад. 
Донишмандон азизу гиромӣ ва хотирнишинанд, Шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекушад, гарчанде душвор аст, бо тамоми душвориҳо, норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд чизе омӯзад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд соҳибобрӯст. 
Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад.

Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?
Киро ганҷи дониш бувад подшост.

Ҳеҷ ганҷе бузургтар аз дониш нест.
Дар охир бо ҳамин табрикот ҷамъомад бахшида ба “Рӯзи дониш” ҷамъбаст карда шуд.

Директор
Аминҷони А.

Наши партнеры