Главная / Все новости
ҲАМКОРИҲО ИДОМА ДОРАНД.

ҲАМКОРИҲО ИДОМА ДОРАНД.

 

Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар санаи 21 декабри соли 2021. “Бори дигар таъкид намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро ки, касбу ҳунар надоранд, ба кабу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб- гардонидани шаҳрвандон” тадбирҳои ҷиддиро роҳандози менамоянд.

Бо чунин мақсад барои ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани сифати таълим ва сатҳи касбомӯзӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти Ҳайати Шафқат дар Тоҷикистон (MERCY CORPS) дар асоси барномаи “Омодасозии ҷавонон ба оянда: Ҷорисозии омӯзиши малакаҳои нави касбӣ ва таълимӣ дар Тоҷикистон”-ро амали намуда истодааст. Барномаи  аз ҷониби фонди Ғамхории Дубай (Dubai Cares) маблағгузорӣ мешавад. Мақсади барномаи мазкур ин омода намудани ҷавонон барои дастрасӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда ва ояндаи иқтисодӣ тавассути омӯзонидани наврасони синни 15-19 сола бо малакаҳои ҳаётӣ ва омодагӣ ба кор ва таъмини ҷавонони синни 19-35 сола бо малакаҳои касбӣ ва инчунин беҳтаргардонии хизматрасонии муассисаҳои касбомӯзӣ,  ба ҷавонон таълим додани малакаҳои касбӣ ва рушддиҳии соҳибкорӣ бо мақсади таъмин намудани онҳо бо даромади устувор мебошад. Дар асоси натиҷаҳо ва тавсияҳои баҳодиҳии бозори меҳнат, ки дар соли аввал гузаронида шуда буд, 12 номгӯи касбҳо дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ интихоб шуданд: Аз ҷумла дӯзандагӣ, попурдӯз, қаннод, сартароши, кафшергар, барқчӣ, таъмири асбобҳои барқӣ, таъмири телефони мобилӣ, сантехник, устои таъмири нақлиёт, челонгари таъмири автомобил ва сабзавотпарварӣ ва ғайра. Барои курсҳои сайёри касбомӯзӣ дастгоҳу таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шуданд, ки ба сифати гузаронидани дарсҳо таъсири мусбат мерасонад. Давоми соли 2021 дар ҳамкори бо ташкилоти мазкур дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ  беш аз 600 нафар чавонон ва занони хонанишин ба касбомӯзи ҷалб карда шуданд. Барнома курсҳои сайёрро дар ҳудуди худи деҳаҳои ҳадафӣ ба роҳ мондҚисми дуввуми фаъолиятҳои дастгирии пас аз хатм гузаронидани омӯзиш дар мавзӯи “Асосҳои соҳибкорӣ” мебошад. Ҳадаф аз ин омӯзиш ин пешбарии фаъолияти соҳибкории хурд миёни касбомӯзон мебошад. Омзиши мазкур аз 3 руз иборат буда дар он мавзӯъҳо ба монанди намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, таҳияи нақшаи соҳибкорӣ, таҳлили SWOT; маркетинг, бақайдгирии тиҷорат; молия ва андоз фаро гирифта мешаванд. Дар моҳҳои декабр ва феврал  дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ омӯзишҳо бо иштироки  86  нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ гузаронида шуд. Дар охири тренинг, ҳамаи иштирокчиёни хоҳишманд дархост барои гирифтани кӯмаки моддӣ дар намуди таҷҳизоти корӣ метавонанд нақшаҳои соҳибкории худро пешниҳод кунанд, тибқи нақша давоми соли  2022 тавасути барномаи мазкур беш аз 200 нафар ҷавонон дар ноҳияҳои Ёвон ва  Абдураҳмони Ҷомӣ  ба касбомӯзи фаро гирифта мешаванд.

 

 

                                                                                                  Директори Филиали Муассисаи                                                                                                          давлатии “Маркази таълими калонсолони                                                                                                           Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон             

                                                                                             Солеҳов Қурбонали Азизуллоевич.

Наши партнеры