Главная / Все новости
Семинар – машварат дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди босуботи соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон»

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Нақша – чорабиниҳо оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани хизматҳои машваратӣ доир ба татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат ба корхонаву муассисаҳо рузи 06 январи соли 2022 дар МТМУ №80 бо иштироки раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино чорабинии машваратию методӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди босуботи соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон» баргузор намуд. 
        Дар вохӯрии мазкур 65 нафар аз ҷумла, кормандони соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, раисон ва намояндагони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи МТМУ-и ноҳияи Сино фаъолона иштирок намуданд. 
Кори машваратро раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Сино Аҳмадов М.С. ҳусни оғоз бахшида,  доир ба нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 21 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда буданд, маърӯза намуда, оид ба пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки ҳамаи ин бо шарофати бевоситаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ироа намуданд.  
Қайд карда шуд, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст, ки  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Бо назардошти рушди соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026,  «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.
Дар Паём Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки:

  • – аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
  • – аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.
  • – аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.
  • Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Аз ин рӯ, мо аҳли кормандони соҳа бо дарки масъулияти баланд, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро, ки дар Паём ироа гардидааст, сармашқи кори худ намуда, баҳри  дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи худ дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, зеҳнӣ ва маънавии кормандони соҳа саъю талош варзида, фаъолияти худро тақвият мебахшем.  
Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Сино  Пустиев Р. дар мавзӯи «Мафҳуму шартҳои  бастани     шартномаи коллективӣ ва иҷрои он»  маърӯза намуда, зикр намуд, ки шартномаи коллективӣ танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии байни корфармо ва намояндаи кормандон  мебошад, ки дар асоси талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, дар он масъалаҳои ҳифзи саломатии кормандон, вақти корӣ ва истироҳат, рухсатиҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, шартномаи меҳнатӣ ва таъмини шуғли кормандон, музди меҳнат ва ҳавасмандгардонӣ, хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии кормандон, такмили ихтисос, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои иловагӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии муассиса  ворид карда шудааст бояд ҳатми аз тарафи корфармо мавриди иҷро қарор дода шавад. 
Дар рафти семинар дар мавзӯи «Коргузорӣ ва ҳуҷчатнигорӣ дар ташкилотҳои иттифоқи касаба»  Ҷаҳонова Х.- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи МТМУ №50-и ноҳияи Сино баромад намуда,  иброз дошт, ки  дар ташкилотҳои иттифоқи касаба мутобиқи «Дастур дар бораи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, бо мақсади муқаррар намудани тартиби ягона оид ба кор бо ҳуҷҷатҳо ва дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ  тибқи талаботи мазкур мавриди амал қарор дорад.
Бинобар ин гуфтаҳо қайд қарда шуд, ки дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба фаъолияти иттифоқи касаба тибқи тартиби феҳрасти ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузорӣ бояд  ба роҳ монда шавад. 
Мадиев С. - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи МТМУ №88-и ноҳияи Сино  дар мавзӯи «Тартиби пур намудани шиносномаи иҷтимоии  кормандони муассисаҳои таълимӣ» баромад намуда, баён дошт, ки нақши иттифоқҳои касаба дар самти пешниҳоди маълумоти асосноки оморӣ доир ба шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва вазъи зиндагонии кормандони соҳа бағоят бузург буда, дар ин самт бояд пайгирӣ ва чораандешӣ карда шавад. 
Дар хотимаи кори семинар-машварат вобаста ба масъалаҳои гуногун аз ҷониби иштирокчиён  Шодиев М. - раиси Кумитаи ИК МТМУ №37,   Хоҷаев А.- раиси Кумитаи ИК МТМУ №116, Раҷабова З. - раиси Кумитаи ИК МТМУ №93, Раҷабова Р. - раиси Кумитаи ИК МТМУ №94, Ниёзова Н. - раиси Кумитаи ИК МТМУ №95, Нажмидинова Ш. - раиси Кумитаи ИК МТМУ №66 ва дигарон ибрози ақида сурат гирифта, аз ҳозирин баҳри фаъолияти пурсамар дар ҷодаи иҷрои софдилонаи вазифаву уҳдадориҳо ва нақши иттифоқҳои касаба дар ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию-меҳнатии кормандон даъват ба амал оварда шуд. 
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Наши партнеры