Главная / Все новости
ЯРМАРКА ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

                ЯРМАРКА  ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

     Дар доираи сафари ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Раҳмонзода А. А. дар ВМКБ чорабиниҳои гуногун ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон баргузор гардида истодаанд.
Имрӯз 6 июни соли равон дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод аз соати 8:00 субҳ оғоз гардида, дар ярмарка 25 корхонаву ташкилоти ҳудуди шаҳри Хоруғ 166 ҷойи кори холии мавҷударо ба шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ,дар маҷмуъ ба 1817 нафар пешниҳод намуданд.
Дар натиҷа 93 нафар шаҳрванди бекор ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 47 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ба 237 нафар ҷиҳати касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ роҳхат дода шуда, бо 102 нафар аз ҷониби кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ” машварати касбӣ гузаронида шуд. Тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ 780 нафар доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот гирифта, 1300 адад буклетҳо ва дигар маводи иттилоотӣ доир ба масъалаҳои муҳоҷират, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тақсим карда шуд. 235 нафар ҷиҳати сафарбаркунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар номнавис шуданд.
Аз ҷониби масъулини Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи алоҳидаи таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон ташкил карда шуда, дар давоми рӯз ба 82 нафар, аз ҷумла кормандон ва корфармоён машварат дода шуд. Муроҷиаткунандагон доир ба пардохти коэффисиентҳои ноҳиявӣ ва баландкӯҳӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ, бемузд, иловагии ҳарсола, шуғли ғайрирасмӣ ва расмӣ, шарномаҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ барои давраи бекорӣ, музди кори шабона ва кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат пурсон шуда, посух гирифтанд ва нусхаҳои шартномаҳои меҳнатӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатӣ ва телефонҳои боварӣ барои муроҷиати фаврӣ ҳангоми пайдо шудани қонуншиканиҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ва дар доираи амали Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи бештар таъмин намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолии ҷумҳурӣ бо ҷойи кор роҳандозӣ гардид.
Ярмарка имрӯз то соати 17:00 ва пагоҳ низ то соати 17:00 идома хоҳад ёфт.

 

Наши партнеры