ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад. Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.
Ҳамин аст, ки бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорони соҳа ва кормандон ҳамоиши идона баргузор шуд.
Дар ҳамоиши мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, собиқадорони соҳа Гулнора Ҳасанзода ва Сумангул Тағойзода иштирок намуда, кормандони соҳаи меҳнатро бо рӯзи иди касбиашон шодбош намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит, ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ба касб омӯзи ҷалб намудани шаҳрвандон, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри амалигардонии он тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар чорабинии идона бо дарназардошти дастовардҳои соҳаи меҳнат ба як қатор кормандони соҳа, барои муваффақиятҳо, комёбиҳои назаррас ва хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон, ки дар соҳаи ҳифзи меҳнат саҳми арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳои соҳавии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.