Маълумот
Рўзи 20-уми майи соли 2022, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев-63/1 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд.
Дар ярмарка аз тарафи 74 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои фаъолиятдошта доир ба мавҷудияти 4984 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод маълумот пешниҳод гардидааст.
Дар ин чорабини 480 нафар корҷўён иштирок намуданд, ки ба 37 нафари онҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур ба 9 нафар, Исмоили Сомонӣ ба 10 нафар, ноҳияи Сино ба 11 нафар ва ноҳияи Фирдавсӣ ба 7 нафар барои таъмин шудан бо ҷойи кор роҳхат дода шуд. Аз ҷониби Муассисаи Давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» нисбати 10 нафар тадқиқоти сотсиологӣ ва ба 13 нафар машварати касбӣ дода шуд.
Шумораи умумии ба курсҳои кутоҳмуддати касбомўзӣ номнависшуда 20 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” 2, ФКВД “Маркази касбомўзии шаҳри Душанбе” 5, КВД “Маркази касбомўзии шаҳри Душанбе” 3, КВД “Маркази таълими омушизи модулии шаҳри Душанбе” 3, КВД “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” 2, ФМД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” 5 нафарро дар бар мегирад.
Мудири бахши Иттилоотӣ
Сафарова Н.