ЭЪЛОН!!!
ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи шаҳрвандони корҷӯй мерасонад, ки ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД баргузор мегардад!
Корҷӯён метавонанд бо намояндагони беҳтарин ширкатҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бевосита мулоқот намуда, дар бораи ҷойҳои кории холӣ маълумоти муфассал гиранд ва имкони ба даст овардани ҷойи корро дар муддати кӯтоҳ пайдо намоянд.
ҶОЙ ВА ВАҚТИ БАРГУЗОРӢ
Сана: 28-уми ноябри соли 2025
Соат: 09:00 – 12:00
Ҷойи баргузорӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 10, гулгашти ба номи Куйбишев (гулгашти назди Маркази савдои Садбарг)
Вуруд: озод барои ҳамаи хоҳишмандон
Мақсади баргузории ярмарка – коҳиш додани сатҳи бекорӣ, таъмини мутахассисон бо ҷойи кори муносиб, мусоидат ба рушди иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани дониши касбии шаҳрвандон равона мегардад.