Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
НАВРАСОНУ ҶАВОНОН СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

 

НАВРАСОНУ ҶАВОНОН СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

          Санаи, 12 майи соли равон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ наврасону ҷавонон, ки омӯзиши курси шуғли фосилавиро дар заминаи қарордоди вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Илмхона” ва бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба охир расониданд, шаҳодатнома супориданд.

          Иттилоъ дода шуд, ки курси мазкур тӯли як моҳ давом ёфта, дар он наврасону ҷавонони синну соли гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуда, нозукиҳои кор бо компютерро омӯхтанд. Ба онҳо бештар барномаҳои компютерӣ ба монандӣ: Маркетинги рақамӣ, Фронт-энд барномасозӣ-Марҳилаи 1, Дизайни графикӣ, UX/UI дизайн, Андроид барномасозӣ-марҳилаи 1, IOS барномасозӣ барои духтарон омӯзонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти ТҶ “Илмхона”моҳи феврали соли 2022 оғоз гардида, дар аввал 480 ва моҳи март 295 нафар (духтарону писарон) наврасону ҷавонон номнавис шуда буданд. Аз ин ҳисоб 6 гурӯҳ бо теъдоди 30 нафарӣ ташкил шуда, алҳод 138 нафар аз омӯзиш гузаштанд.

         Қобили тазаккур аст, ки дар давраи супоридани тестҳо таҳсилгирандагон тавассути иҷрои микрокорҳо 212 доллари амрикоӣ маблағ ба даст оварданд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби наврасону ҷавонони аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, 9 нафар ҷиҳати такмил додани омӯзиши забони англисӣ ва бокортаъминшавӣ ба шарикони ҳамкори такшилот, платформаи байналмилаии Zentist пешниҳод гардид. Инчунин, дар давоми моҳи марти соли ҷорӣ зиёда аз 20 нафар дар ду лоиҳаи шарикони ҳамкорӣ ҷамъият, аз ҷумла ZypI.ai ба ҷойи кор таъмин карда шуданд.

        Дар фарҷом баъди супоридани сертификатҳо Раҳмонзода А.А. бо таҳсилкунандагон суҳбати озод намуда, иброз дошт, ки: “Ҳадаф аз таъсис додани курсҳои мазкур, ин баланд бардоштани донишу малакаи наврасону ҷавонон оид ба техникаву технология ва минбаъд ҷойи кор ёфтану ба шуғл машғул шудани онҳо мебошад. Имрӯзҳо технологияҳои коммуникатсионӣ бо суръати баланд рушд мекунанду бо дарназардошти ин омил талабот ба мутахассисони соҳа низ меафзояд. Барои ҳамин талабот ба мутахассисоне, ки технологияҳои иттилоотиро хуб медонанд, дар тамоми ҷаҳон рӯз аз рӯз бештар мегардад. Истифодаи воситаҳои иртибот ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ ва омода намудани мутахассисон ҷои махсусро ишғол мекунад. Аз ҷониби Вазорат ба самти мазкур дар оянда низ диққати махсус зоҳир карда мешавад”.

         Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Мавзуна Нурхонова низ сухан карда, таҳсилкунандагонро барои соҳиб шудан ба шаҳодатнома таҳният гуфта, ба онҳо дар корҳои ояндаашон мувафақияту бурдбориҳо тамано намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарикони мо