Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ахборот

 

Ахборот

аз рафти баргузории Семинар-машварат  бо ишитроки

намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва

мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

         Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 25 феврали соли 2025 семинар-машварат дар доираи татбиқи амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ “Дар бораи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудани солҳои 2025-2030 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ироа намудан, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», бо иштироки Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорон ва сармуҳосибони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон, сармуҳосибон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ ва филиалҳои онҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

        Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, қайд намуданд, баргузории  чорабинии имрӯза оид ба татбиқи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ инчунин, иттилоотонии онҳо оиди пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии  шоистаи аҳолӣ, равона  гардидааст.

 Бояд қайд намуд, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  болозикр ва таъмини иҷрои фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 январи соли 2025, №02 “Дар бораи тадбирҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои соли 2025,  фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои соҳавиро таҳия ва 15 январи соли 2025, №02 тасдиқ намуд. Ҳамзамон, нусхаи фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои санади меёрии ҳуқуқии мазкур (соҳавӣ) тибқи феҳрист унвонии раёсат, шуъба ва бахшҳои (масъулон) дастгоҳи марказӣ ва таввасути барқиянома аз 16 январи соли 2025, №1.8/48 унвонии сохторҳои таркибии Агентӣ барои корбарӣ ва иҷро ирсол гардида, иҷроиши он таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Дар рафти чорабинии мазкур  намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Алихони Абдулҳаким, Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсия, подполковники адлия, оид ба муаррифии нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муқовимат ба коррупсия”,  «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», баромад намуданд.

     Дар фарҷоми чорабинӣ Ашурализода А.А., директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қайд карданд, ки биёед, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело ҳам калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Пас мебояд, ки қаноатро пеша карда баҳри зиндагии шоиста камари ҳиммат бандем ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро ки дар меҳнати ҳалол оромиши хотир ва осудагист.

     Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем  давлати  ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созем, тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ  баланд  бардорем».

      Ҳамзамон, ба меҳмони гиромӣ, Розиқзода Алихони Абдулҳаким намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок ва суханронии пурмуҳтавояшон дар семинари-машварат, ки вақти худро дареғ надошта ташриф овардаанд, аз номи худ ва тамоми иштирокчиён арзи сипос намуда, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр, бо маром идома хоҳанд дод.

 

 

 

 

 

                                                                                                                                                                                                   Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии

                                                                                                                                                                                                        Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 

 

Шарикони мо