«ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН-АФЗАЛИЯТИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди устувори ҷомеа ба нерӯи зеҳнӣ, эҷодӣ ва иқтидори наврасону ҷавонон такя мекунад, нақши ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ва кафили фардои дурахшони миллат беш аз ҳар вақти дигар намоён гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатии ҷавонпарваронаро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати худ интихоб намуда, пайваста барои ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон, таҳкими маънавиёту ахлоқ, таҳсил, шуғл ва фаъолияти иҷтимоии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дастгирии ҷавонон — ин на танҳо як рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, балки изҳори эътимоди амиқи роҳбарияти кишвар ба насли созандаи фардо мебошад.
Дар Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо зикр гардидааст, ки давлат бояд барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварад — ҳам дар соҳаи маориф, ҳам дар бахши илм, фарҳанг, варзиш ва соҳибкорӣ. Ҳадаф аз ин ҳама тадбирҳо он аст, ки ҷавонон ҳамчун шахсони соҳибмаърифат, ватандӯст ва бо масъулият ба воя расанд ва дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ чандин барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати ҷавонон қабул ва амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла Барномаи давлатии тарбия ва дастгирии ҷавонон барои солҳои 2023–2027, ки ба рушди қобилиятҳо ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсиву иҷтимоии ҷавонон равона шудааст. Ҳамчунин, таъсиси Фонди дастгирии ҷавонон, Марказҳои рушди ҷавонон, Ҳаракати ихтиёрӣ ва Ҷоизаҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷавонони фаъол ва эҷодкор яке аз намунаҳои возеҳи таваҷҷуҳи давлат ба ин қишри муҳимми ҷомеа мебошанд.
Илова бар ин, дастгирии ҷавонон дар соҳаи илм ва технология низ афзалияти хос дорад. Эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” нишон медиҳад, ки роҳбарияти кишвар барои рушди илмии ҷавонон нақшаҳои дарозмуддат дорад. Маҳз бо ҳамин мақсад стипендияҳо, грантҳо ва курсҳои махсус барои ҷавонони болаёқат пешбинӣ шудаанд.
Масъалаи шомили ҷавонон ба корҳои сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ низ зери таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти кишвар қарор дорад. Имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо ва ҷаласаҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолият доранд. Ҳамин сиёсати рӯшан боис гардид, ки ҷавонон аз худ боварӣ дошта, ба иқдомҳои нави иҷтимоиву сиёсӣ ҷуръат пайдо кунанд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд бо маърифати баланд, ҳисси баланди миллӣ ва масъулиятшиносӣ тавсиф ёбанд. Зеро, танҳо чунин насли худогоҳу худшинос метавонад арзишҳои миллиро ҳифз намуда, дар замони ҷаҳонишавӣ муқовимати солим нишон диҳад.
Дар ҷамъбаст метавон бо итминони комил гуфт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҷавонон ба зинаи сиёсати афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтааст. Таваҷҷӯҳу ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон, таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, худтакомулӣ ва фаъолияти созандаи онҳо ин ҳама аз сиёсати ҷавонпарваронаи давлат далолат медиҳанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ҳама иқдомҳо гувоҳ аз онанд, ки роҳбарияти кишвар ба насли ҷавон ҳамчун пояи устувори фардои миллат ва давлату миллат менигаранд. Маҳз дар партави чунин дастгирии фарогир метавон гуфт, ки ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифати мо дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста мегузоранд ва рисолати таърихии хешро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ бо сари баланд иҷро ва ҳифз менамоянд.
Фарангези Ҷамолидин
Мудири бахши иттилоотӣ.