Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ВОХӮРИИ ВАЗИР БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ  БАРНОМАИ РУШДИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                       ВОХӮРИИ ВАЗИР БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ  БАРНОМАИ РУШДИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода санаи 21 апрели соли 2026 Намояндаи навтаъини доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, С. Холмаҳмадзода ба корҳои анҷомдодаи Вазорат бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар доираи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва СММ-Занон амалӣ гардиданд, баҳои баланд дода, изҳори каноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба таҳияи Барномаи кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027 - 2030 баррасӣ гардида, Холмаҳмадзода С. бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, махсусан миёни гурӯҳҳои осебпазир, такмили низоми омодасозии касбӣ, бозомӯзӣ ва рушди малакаҳои рақамӣ мутобиқ ба талаботи муосири бозори меҳнат, инчунин густариши ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва экологӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.

Судипто Мукерҷӣ тақвияти ҳамкориро дар самтҳои рушди «шуғли сабз» ва таҳкими «малакаҳои сабз» ҳамчун ҷузъи муҳими рушди устувор ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои пешниҳодшуда дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027 – 2030 изҳори умедворӣ кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷониби Вазорат ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста, ҳамкориҳои босамар ва саҳми арзанда дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуд.

Шарикони мо