Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ахборот аз рафти баргузории чорабинӣ оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Ахборот аз рафти баргузории чорабинӣ оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28

декабри соли 2024 ироа намуд.

 

         Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 11 феврали соли 2025, оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ “Дар бораи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудани солҳои 2025-2030 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ироа намуд, вохурӣ бо иштироки  Хоркашев Савлатшо Паллаевич – мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Муассисаи давлатии  “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сохторҳои таркибии он дар шаҳри Душанбе ва директорони муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, зимни баромад қайд кардаанд, ки моҳиятан дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг, такмили низоми идоракунии давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди соҳибкориву сайёҳӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, сиёсати давлатии ҷавонон ва занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инкишофи қонунгузорӣ, боло бурдани маърифати ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тақвияти ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо пешниҳод мешавад.

       Маврид ба зикр аст, ки соли 2025 ҷиҳати татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  нақшаи мушаххас таҳия ва тадбирҳои ҳадафрас амалӣ карда мешавад. Зеро ин дастури муфид роҳнамо ба зиндагии шоиста буда, аз ҳадафҳои асосии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархурдор аст.

 

 

                             Сармутахассиси   шуъбаи ҳуқуқ      Н.С. Курбанова              

                             

 

Шарикони мо