Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби МД "Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" барои кормандони соҳа дар вилоят курси такмили ихтисос доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории курси такмили ихтисос баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон доир ба қонунгузории амалакунандаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори ҲҶТ «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳанти кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, «Дар бораи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шарикони мо